Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар конфронси байналхалқӣ баромад кард

    16 июл дар Тошканд конфронси байналхалқии «Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ: иртиботи тарафайни минтақавӣ. Таҳдидҳо ва имкониятҳо» кори худро оғоз намуд.

    Дар кори конфронс, ки бо ташаббуси Президент Шавкат Мирзиёев ташкил гардид, Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон, вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ, ҳайати 44 кишвар ва тақрибан 30 созмони байналхалқӣ, роҳбарони марказҳои бонуфузи илмиву тадқиқотӣ ва таҳлилӣ иштирок мекунанд.

    Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо суханони табрикотӣ баромад карда, қаробати таърихии минтақаҳои Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ, муҳимияти имрӯз мустаҳкам кардани он дар пояи эътимод ва ба инобат гирифтани манфиатҳои тарафайнро таъкид сохт.

    Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ аз қадимулайём бо ҳам ҳамкорӣ доштанд. Аз тариқи Шоҳроҳи абрешим ва Роҳи Ҳинду Ганг дониш ва дастовардҳои нави илмӣ, суннатҳои маънавиву маданӣ паҳн мешуданд. Халқҳои ҳар ду минтақа дар доираи давлатдориҳои умумӣ – шоҳигариҳои Бохтар ва Кӯшон, Хонигарии турк, давлатҳои Ғазнавиён, Темуриён ва Бобуриён қарор доштанд.

    Мутаассифона, дар асри XIX ин иртиботи тарафайн халалдор гардид. Монеаҳои гуногун ба миён омаданд, ба ҷои даврони ҳамкорӣ замони зиддиятҳо ва нобоварӣ арзи ҳастӣ намуд.

    Роҳбари давлати мо дар суханронии худ муҳимияти эҳё намудани робитаҳои таърихӣ ва муттаҳид кардани саъю кӯшишҳоро таъкид сохт.

    – Алҳол ҷаҳон ба даврони табадулоти ҷаҳонии геосиёсӣ ворид шудааст, ки ҳам таҳдид ва ҳам имкониятҳои навро фароҳам меоварад.

    Дар чунин шароит эҳё намудани алоқаҳои тарафайни Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ, ки ҳоли ҳозир дар ин минтақаҳо тақрибан 2 миллиард инсон зисту зиндагӣ мекунад, беш аз пеш ҷараёни зарурӣ ва воқеӣ мегардад. Фикр мекунам, замоне расид, ки бо назардошти мероси бузурги таърихӣ, илмӣ ва маънавиву фарҳангии халқҳои мо, иқтисодиёти барои якдигар муфид, мавҷуд будани иқтидорҳои зеҳнӣ саъю кӯшишҳои муштаракамонро муттаҳид намоем, ки бидуни шубҳа, натиҷаи хеле хуб хоҳад дод, – гуфт Шавкат Мрзиёев,

    Воқеан, мустаҳкам кардани сулҳу дӯстӣ, эътимод ва некҳамсоягӣ, вусъат додани ҳамкориҳои муфиди тарафайни байни кишварҳои мо, ба роҳ мондани сиёсати ошкоро ва пурмуҳтаво ба манфиати тамоми давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ ҷавобгӯ мебошанд.

    Президент дар суханронии худ ташаббусҳои муҳимеро пеш гузошт, ки ба муваффақ шудан ба ҳадафҳои мазкур нигаронида шудаанд. Аҳамияти бузурги ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ зикр гардид, ҳар сол баргузор кардани анҷумани байниминтақавӣ барои баррасии масъалаҳои муҳими вусъат додани рӯзномаи ҳамкории иқтисодӣ, амиқ намудани кооператсия ва саъю кӯшишҳои тарафайни сармоявии кишварҳои ду минтақа пешниҳод шуд.

    Роҳбари давлат ба масъалаи бунёди инфрасохтори нақлиётиву логистикие, ки Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубиро ба тарзи самарабахш ва муътамад мепайвандад, эътибори махсус дод. Ҷузъи асосии тамоми эъмори ҳамкориҳои тарафайни минтақаҳои мо бояд роҳи оҳани «Тирмиз – Мазори Шариф – Кобул – Пешовар» гардад, ки лоиҳаи сохтмони он аллакай, аз ҷумла аз ҷониби идораҳои бонуфузи байналхалқии молиявӣ низ васеъ эътироф ва дастгирӣ карда мешавад. Сохтмони ин роҳи оҳан имкон медиҳад иқтидори транзитии ду минтақа пурра татбиқ гардад, хатсайри кӯтоҳтарин ташаккул ёбад, муҳлат ва тавақуффи боркашонӣ хеле кам шавад.

    Зарурияти коркарди чораҳои мушаххас бобати татбиқ сохтани иртиботи рақамии тарафайн дар соҳаҳои савдо, транзит ва убури сарҳадҳо, қабул кардани Стратегияи муштараки амалиёт қайд гардид.

    Дар тамоми ҷаҳон мушкилоти таъмин кардани амнияти хӯрокворӣ меафзояд. Вобаста ба ин Президент пешниҳод кард, ки таҳти васояти Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ барои коркарди барномаи муштараки чораҳо вохӯрии вазирони хоҷагии қишлоқи минтақаҳо гузаронида шавад.

    Ҳамчунин чораҳои таҳкими амният ва эътидол дар минтақа, мубориза ба муқобили терроризм, экстремизм ва ҷинояти наздисарҳадӣ баррасӣ шуданд.

    Муҳимияти ҳифзи муҳити атроф ва рушди иқтисодиёти «сабз» таъкид гардид.

    Фикру ақидаҳо бобати ташаккул додани платформаи ягонаи операторҳои сайёҳӣ барои пурра татбиқ сохтани иқтидори сайёҳии Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ, рушди минбаъдаи сайёҳии минтақа дар доираи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ иброз гардиданд.

    Вусъат додани мубодилаи илмӣ, фарҳангӣ ва башардӯстона дар таҳкими дӯстӣ ва эътимод нақши бузург мебозанд. Вобаста ба ин дар Тирмиз баргузор кардани анҷумани байналхалқӣ бинобар мероси таърихии Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ таҳти васояти ЮНЕСКО пешниҳод карда шуд.

    Роҳбари давлати мо ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсияҳо эътибори махсус дод. Вай муҳимияти рағбатноксозии тадқиқоти муштарак ва барномаиҳои мубодилаи таҷриба, ҳамчунин ба роҳ мондани режими соддаи раводидро барои олимон ва муҳаққиқон таъкид намуд.

    Тавре ки маълум аст, дар арафаи конфронси мазкур дар Тошканд Пажӯҳишгоҳи байналмилалии Осиёи Марказӣ кушода шуд. Президент пешниҳод кард, ки дар пойгоҳи ин маркази таҳлилӣ гурӯҳи коршиносӣ бинобар рушди ҳамкориҳои минтақавӣ таъсис дода шавад.

    – Умумияти таърихиву фарҳангӣ ва тамаддунҳои Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ, ки ба манфиатҳои кишвар ва халқҳои мо мусоидат мекунанд, пояи мустаҳкам мебошанд, ки мо метавонем дар он ояндаи фаровони худро бунёд намоем. Моро зарур аст, ки Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ, ҳамчунин тамоми қитъаи Авроосиёро ба соҳати боэътидол ва аз ҷиҳати иқтисодӣ шукуфон табдил диҳем, – гуфт Президенти Ӯзбекистон дар анҷоми суханронии худ.

    Сипас Котиби генералии СММ Антониу Гутерриш ба иштирокдорони корнфронс аз тариқи видео муроҷиат кард.

    Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ашраф Ғанӣ, Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Имрон Хон, Намояндаи олимақоми Иттиҳоди Аврупо оид ба корҳои хориҷӣ ва амнияти сиёсӣ Ҷозеп Боррел дар бораи пешомади ҳамкориҳо дар минтақа ва аҳамияти бузурги анҷумани мазкур сухан ронданд.

    Кори конфронс идома дорад. Дар ҷамъомадҳои умумӣ ва сексионии анҷуман имконият ва ташаббусҳое, ки ба таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои муфиди тарафайн дар соҳаҳои савдою иқтисодиёт, нақлиёту коммуникатсия, фарҳангу инсонпарварӣ нигаронида шудаанд, муҳокима карда мешаванд.

    Бинобар натиҷаи конфронс коркарди лоиҳаи баённомаи махсус, ки ба баррасии Ассамблеяи Генералии СММ пешниҳод мешавад, пешбинӣ гардидааст.