Самтҳои афзалиятноки рушди ҳамкориҳои Ӯзбекистону Тоҷикистон баррасӣ шуданд

    Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гуфтушунидро дар ҳайати васеъ бо иштироки ҳайатҳои расмии ду кишвар идома доданд.

    Масъалаҳои тавсеаи минбаъдаи муносибатҳои шарикии стратегӣ ва иттифоқии Ӯзбекистону Тоҷикистон, пеш аз ҳама дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ-иқтисодӣ, нақлиёту коммуникатсия ва фарҳангӣ-гуманитарӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

    Солҳои охир дар натиҷаи муколамаи фаъол дар сатҳи олӣ дар рӯҳияи эътимод ва дастгирии ҳамдигар муносибатҳои дӯстонаи байни кишварҳо ба сатҳи бесобиқа боло рафт, – қайд намуд Шавкат Мирзиёев.

    Дар баробари ин қайд гардид, ки барои инкишофи минбаъдаи ҳамкории ҳамаҷониба иқтидори бузурги истифоданашуда ва имкониятҳои калон мавҷуданд.

    –Барои татбиқи Шартномаи таърихии муносибатҳои иттифоқӣ, ки имрӯз ба имзо расид, бояд самаранокии робитаҳоро дар ҳама сатҳҳо – парлумонҳо, ҳукуматҳо, идораҳои корҳои хориҷӣ, вазорату вилоятҳо баланд бардошт, – изҳор намуд сарвари давлатамон.

    Аҳамияти рушди механизмҳои тиҷорати наздимарзӣ ва инфрасохтори тиҷоратӣ барои ба 2 миллиард доллар расондани гардиши мол таъкид шуд.

    Президентҳо созишномаҳои қатъии оид ба татбиқи муштараки лоиҳаҳои муҳим дар соҳаи энергетика, электротехника, металлургия, маъдани кӯҳӣ, бофандагӣ, дорусозӣ, агросаноатӣ ва дигар соҳаҳо ба дастомадаро, ки ба ҳавасмандгардонии рушди кооператсияи амиқи саноатӣ хидмат мекунанд, маъқул донистанд.

    Масъалаҳои идома додани муколамаи созанда ва судманд оид ба масъалаҳои истифодаи об мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

    Президенти кишварамон аҳамияти истифодаи самараноки имконоти бузурги ҳамкориҳои байниминтақавӣ, татбиқи пурраи созишнома ва қарордодҳои дар ҷараёни сафар ҳосилшударо қайд кард.

    Самти стратегӣ ҳамкориҳоро дар соҳаи нақлиёт ва ҳамлу нақли транзитӣ муайян мекунад. Президентҳо густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар ин самт ва фароҳам овардани шароити мусоидро барои рушди ҳамлу нақли ҳавоӣ ва роҳи оҳан, зиёд намудани ҳаҷми ҳамлу нақли транзитӣ ҷонибдорӣ карданд.

    Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки мубодилаи фарҳангӣ ва башардӯстонаро фаъолонатар дастгирӣ кунанд.

    Аҳамияти равобити наздик дар муқовимат ба чолишҳо ва таҳдидҳои замонавӣ, пешбурди лоиҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ дар Афғонистон таъкид шуд.

    Омодагӣ барои идомаи дастгирии мутақобила дар чаҳорчӯби сохторҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ таъкид шуд.

    Дар рафти ҷамъомад ҳисоботи ноибони сарвазир, вазирони нақлиёт, энергетика ва кишоварзӣ аз рӯи рӯзномаи ҷаласа шунида шуд.

    Бинобар натиҷаҳои музокирот сарони давлатҳо супориш доданд, ки “харитаи роҳ”-и муштарак омода намуда, механизми татбиқи самарабахши созишномаҳои ба дастомада фароҳам оварда шаванд.

    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates