Сарвари давлати мо дар оғози мулоқот Президенти ИМА-ро бо фаро расидани ҷашнҳои Соли нав табрик гуфта, ба мардуми дӯсти Амрико сулҳу осоиш, фаровонӣ ва шукуфоӣ таманно намуд.

Доналд Трамп, дар навбати худ, ба роҳбар ва халқи Ӯзбекистон салому табрикоти самимии худ ва мардуми ИМА-ро расонида, дар Соли нав бахту саодат, муваффақият ва пирӯзиҳои нав таманно кард.

Президентҳо рафти иҷрои тавофуқотеро, ки дар сатҳи олӣ ба даст омадаанд, инчунин, дурнамои рушди минбаъдаи муносибатҳои шарикии стратегии Ӯзбекистон ва ИМА-ро муфассал баррасӣ намуданд.

Роҳбари давлати мо дастовардҳои Президент Доналд Трампро дар сиёсати дохилӣ ва хориҷии соли ҷорӣ баланд арзёбӣ намуда, саъю кӯшишҳои самарабахши ӯро дар роҳи ҳалли бӯҳрон ва низоъҳои шадиди байналмилалӣ махсус таъкид кард.

Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки муколама ва мубодилаҳои дуҷонибаи сиёсӣ, бахусус дар сатҳи роҳбарон фаъол гардида, марҳилаи нави рушди шарикии стратегиро миёни кишварҳо оғоз намуда, онро бо муҳтавои мушаххас ғанӣ гардонд.

Дар соҳаҳои авиатсияи шаҳрвандӣ, автомобилсозӣ, саноати кӯҳӣ, кишоварзӣ, инфрасохтор, энергетика ва кимиё, технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва дигар бахшҳо лоиҳаҳои муштарак ба маблағи даҳҳо миллиард доллар амалӣ мегарданд.

Бо мақсади пешбурди босамари лоиҳа ва барномаҳои ҷорӣ ва таҳияи ташаббусҳои нав Шӯрои соҳибкорӣ ва сармоягузории Амрико – Ӯзбекистон таъсис ёфтааст. Ҷиҳати таъсиси Бунёди муштараки сармоягузорӣ корҳо фаъолона идома доранд.

Механизми нави ҳамкории байни минтақаҳо роҳандозӣ шуд. Ҳайатҳо аз се вилояти Ӯзбекистон бо мақсади роҳандозии ҳамкорӣ бо иёлатҳои Амрико ба ин кишвар сафар карданд.

Ба масъалаҳои дорои аҳамияти байналмилалӣ ва минтақавӣ диққати махсус дода шуд. Ба ин маъно, аҳамияти ҳамкории бисёрҷониба, аз ҷумла формати «C5+1» таъкид шуд.

Дар анҷоми суҳбат ҷонибҳо нияти худро ҷиҳати идомаи муколамаи фаъол дар сатҳи олӣ тасдиқ намуда, аз рӯйи пешбурди ташаббус ва барномаҳои муштарак дар самти ҳамкории амалӣ ба мувофиқа расиданд.

Президенти Ӯзбекистон роҳбари Амрикоро даъват кард, ки дар вақти барояш мувофиқ ба кишвари мо ташриф оварад.