Дар ҳуҷҷат нияти ду давлат барои боло бурдани муносибатҳои мутақобила ба сатҳи шарикии стратегӣ зикр шудааст.
Вазъи кунунии ҳамкориҳои дуҷониба ва дурнамои амиқсозии равобити байнидавлатӣ дар соҳаҳои гуногун арзёбӣ шуда, хоҳиши тарафҳо бобати амиқсозии ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ, инчунин ҳалли муштараки мушкилоти доғи глобалӣ ва минтақавӣ тасдиқ мегардад.
Дар ҳузури президентҳо 8 ҳуҷҷати дуҷониба дар соҳаҳои молия, таълим, фарҳанг ва дигар самтҳои ҳамкории байнидавлатӣ ба имзо расид.
Аз ҷумла:
– созишномаи байниҳукуматӣ дар бораи таъсис додан ва фаъолияти «Алянси фаронсавии Самарқанд»;
– протоколҳои молиявии байниҳукуматӣ оид ба беҳдошти инфрасохтори таъминоти оби нӯшокии Ӯзбекистон (марҳилаҳои 1 ва 2);
– протокол дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Созишномаи байниҳукуматӣ дар бораи таъсис додан ва фаъолияти Агентии рушди Фаронса ва «ПРОПАРКО» дар Ӯзбекистон;
– декларатсия байни вазоратҳои корҳои хориҷӣ дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи тайёркунии кадрҳои дипломатӣ;
– протокол дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи таълими томактабӣ, мактабӣ, касбӣ ва олӣ;
– декларатсия дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи мероси маданӣ;
– қарордод дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи таълими касбӣ ва техникӣ.
Ҳамчунин дар ҷараёни сафар эъломияҳои ҳамкорӣ байни Фонди рушди фарҳанг ва санъати Ӯзбекистон ва ширкатҳои "Suez" ва "Bouygues" ба имзо расиданд.