Дар оғози мулоқот роҳбари кишварамон аҳамияти таърихии нахустин сафари Президенти Фаронсаро ба Ӯзбекистон дар тӯли 30 соли ҳамкориҳои мутақобила махсусан қайд кард.
Эммануэл Макрон ба роҳбари давлати мо барои даъват, инчунин истиқболи самимӣ ва меҳмоннавозӣ ба ҳайати Фаронса изҳори сипос намуд.
Вай аз барномаи ислоҳоти бебозгашт дар Ӯзбекистони Нав комилан ҷонибдорӣ кард.
Сарони давлатҳо масъалаҳои таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи Ӯзбекистону Фаронсаро муфассал баррасӣ намуда, ба мувофиқа расиданд, ки муносибатҳои дуҷониба ба сатҳи шарикии стратегӣ расонида шаванд.
Қайд гардид, ки дар тӯли солҳои охир муносибатҳои бисёрҷонибаи Ўзбекистон ва Фаронса дар тамоми самтҳо пайваста ривоҷ меёбанд. Афзоиши чандинкаратаи муомилоти мол ва шумораи корхонаҳои муштарак бо қаноатмандӣ қайд гардид. Портфели лоиҳаҳои фаъол ва пешомадноки сармоягузорӣ аз 10 миллиард евро гузашт.
Барномаи ҳамкориҳои стратегӣ ба маблағи 1 миллиард евро бо Агентии рушди Фаронса амалӣ мешавад.
Тадбирҳои пешбурди лоиҳаҳои нави бузург дар соҳаҳои энергетикаи "сабз", истихроҷ ва коркарди ашёи хом, кишоварзии инноватсионӣ, обтаъминкунӣ, логистика, рушди инфрасохтор, сайёҳӣ ва ғайра баррасӣ шуданд.
Фаронса омодагии худро барои дастгирии минбаъдаи саъю талошҳои Ӯзбекистон ҷиҳати таҳкими эътимод дар Осиёи Марказӣ, инчунин шомилшавии кишвари мо ба СУС ва имзои Созишнома оиди шарикӣ ва ҳамкории густурда бо Иттиҳоди Аврупо изҳор намуд.
Аҳамияти идомаи муколамаи сиёсӣ, таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи амният ва муқовимати муассир ба чолишҳо ва таҳдидҳои пайдошаванда таъкид шуд.
Барномаи ғании фарҳангиву гуманитарӣ бо қаноатмандӣ қайд карда шуд. Таваҷҷуҳ ба омӯзиши забони фаронсавӣ дар Ӯзбекистон афзоиш меёбад. Ба ин муносибат тарафҳо аз ифтитоҳи филиали Алянси Фаронса дар шаҳри Самарқанд истиқбол карданд.
Дар бораи суръат бахшидан ба таъсиси донишгоҳи Ӯзбекистону Фаронса дар шаҳри Тошканд ва густариши ҳамкорӣ дар соҳаи омодасозии омӯзгорони забони фаронсавӣ тавофуқ ҳосил шуд.
Сарони давлатҳо ҳамчунин доир ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор намуданд.