Президентҳои Ӯзбекистон ва Фаронса дар Лувр намоишгоҳи “Дурдонаи воҳаҳои Ӯзбекистон. Дар чорроҳаи роҳҳои карвон”-ро кушоданд

    Ҳукумат 22 Noyabr 2022 5948

    Пас аз мулоқот дар дараҷаи олӣ дар қасри Елисей Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Ҷумҳурии Фаронса Эммануэл Макрон бо ҳамсаронашон аз музейи Луври Париж боздид намуданд.

    Лувр яке аз музейҳои калон ва оммавии ҷаҳон ба шумор рафта, соҳиби коллексияи бадеии хеле бой ва бузург мебошад. Ҳар сол аз он қариб 10 миллион нафар сайёҳ боздид менамояд.
    Намоишгоҳи «Хазинаи воҳаҳои Ӯзбекистон. Дар чорроҳаҳои ҷодаҳои корвон», ки ба мероси бойи мадании халқамон бахшида шудааст, бинобар муоҳидаҳое ташкил гардиданд, ки зимни ташрифи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Фаронса моҳи октябри соли 2018 ба тавфиқ расидааст. Роҳбари давлатамон ногузирии ташкили намоиши муштараки музейҳои Ӯзбекистон ва Фаронса, васеъ намудани робитаҳои илмӣ ва мадании байни мамлакатҳоямонро таъкид кард. Байни Фонди рушди маданият ва санъати Ӯзбекистон ва музейи Лувр меморандуми марбут ба имзо расид.
    Дар тӯли се соли охир барои намоишгоҳ кори ҷиддии омодагӣ бурда шуда буд. Якчанд экспедитсияи муштараки Ӯзбекистону Фаронса баргузор гардида, дар ҷараёни онҳо бисёр кашфҳои ҳафриётӣ ба вуқӯъ пайваст. Ғайр аз ин реставраторони Лувр ва мутахассисони мамлакатамон корҳои вусъатноки тармимиро дар якчанд марҳила ба амал оварданд.

    Дар толори Ришеле ва Шуъбаи исломии Лувр ба вуҷуд овардани фазои васеи намоишӣ самараи ин кор гардид, ки он аз 5 навъи хронологӣ иборат аст: «Замони давлатҳо ва шоҳигариҳои воҳавӣ: диффузияи маданият аз тариқи Роҳи абрешим», «Асрҳои миёна ва гул-гулшукуфии санъат», «Паҳн гардидани ислом дар Осиёи Марказӣ, давраи эҳё дар фарҳанг ва илм», «Аз Абӯалӣ Сино то Чингизхон», «Замони империяҳои бузург: давраи Темуриён ва Шайбониён».
    Экспозитсияе, ки беш аз қитъаи 1500-солаи таърихи Ӯзбекистонро фаро мегирад, аз 138 ашёи нодири 16 музейи мамлакатамон, аз он ҷумла 70 экспонате, ки якҷоя махсус ба намоишгоҳ тармим гаштааст, иборат аст. Инчунин ба коллексия 31 экспонат аз бузургтарин музейҳои Фаронса, Британияи Кабир ва ИМА дохил гаштааст.
    Роҳбарони Ӯзбекистон ва Фаронса, ки аз аввалин боздидкунандагони намоишгоҳ буданд, бо ҳамроҳии кураторони он бо ашёҳои санъати таърихӣ аз куҳаншаҳрҳои Далварзинтеппа ва Халчаёна, нигораҳои девории толори сурхи Варахша, девораи наҷҷории Кофирқалъа, саҳифаҳои Қуръони Катталангар, дарвозаи дутабақаи мақбараи Амир Темур, навиштаҷоти тасвирҳои сафирон дар Афросиёб ва дигар экспонатҳо шинос гардиданд. Дар бораи ба вуҷуд овардан ва дарёфт намудани онҳо вобаста ба таърихи замон ва шахсиятҳои онҳо маълумоти муфассал ироа гардид.
    Роҳбарони давлатҳо дараҷаи баланди ташкили намоишгоҳ ва муҳити махсуси онро таъкид намуда, барои ҳамаи онҳое, ки ба тайёрии ин рӯйдоди дар ҳаёти мадании ҳар ду мамлакат муҳим саҳм гузоштаанд, арзи сипос намуданд.

    Таъкид шуд, ки намоишгоҳи Лувр барои минбаъд мустаҳкам намудани робитаҳои таърихии қадима, дӯстӣ ва ҳусни тафоҳуми натанҳо байни халқҳои Фаронса ва Ӯзбекистон, балки байни Аврупо ва Осиёи Марказӣ хидмат менамояд.

    Намоишгоҳ то 6 марти соли 2023 идома хоҳад ёфт.

    No date selected
    March 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates