Президентҳои Ӯзбекистон ва Олмон масъалаҳои густариши ҳамкориҳои гуногунҷанбаро баррасӣ карданд

    Ҳукумат 14 Mart 2022 5021

    Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев 14 март бо Президенти Ҷумҳурии Федеративии Олмон Франк-Валтер Штайнмайер мулоқоти телефонӣ анҷом дод.

    Масъалаҳои таҳкими минбаъдаи муносибатҳои серсоҳаи Ӯзбекистону Олмон ва густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд баррасӣ шуданд.

    Дар оғози сӯҳбат сарони давлатҳо ба муносибати 30-юмин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатӣ байни ду кишвар якдигарро муборакбод намуда, таманноҳои гарму самимӣ изҳор карданд.

    Бо қаноатмандии амиқ қайд карда шуд, ки дар ин давраи таърихӣ ҷиҳати рушди муносибатҳои дуҷониба корҳои зиёди муштарак анҷом дода шуда, заминаи мустаҳками эътимоду шарикии тарафайн гузошта шудааст.

    Роҳбарон ҳамчунин вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои амалии Ӯзбекистон ва Олмонро баррасӣ намуда, ба идомаи минбаъдаи муколамаи мунтазами сиёсӣ ва робитаҳои фаъол дар сатҳҳои гуногун даъват карданд.

    Ба пешбурди лоиҳаҳои муштараки ҳамкорӣ бо ширкатҳои пешрафтаи Олмон ва бонкҳо дар соҳаҳои тиҷорат, сармоягузорӣ, технологияҳои баланд, саноат, кишоварзӣ ва дигар бахшҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуд.

    Аҳамияти вусъат додани барномаҳои ёрии молиявию техникӣ ва мубодилаи маданию гуманитарӣ, пеш аз ҳама дар соҳаи омӯзиши амиқи забони немисӣ дар Ӯзбекистон таъкид шуд.

    Президентҳо бинобар рӯзномаи муҳими байналмилалӣ, аз ҷумла вазъи кунунии атрофи Украина табодули назар карданд. Аҳамияти пешгирӣ аз шиддати минбаъдаи вазъият ва зарурати идомаи талошҳои сиёсӣ ва дипломатӣ барои ҳарчи зудтар ҳал кардани низоъ қайд карда шуд.

    Суҳбати телефонӣ дар фазои анъанавии эътимод ва дӯстона сурат гирифт.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates