Дар оғози мулоқот сарвари давлатамон бо 75-умин солгарди истиқлолияти Ҳиндустон самимона табрик гуфт.
Ҷонибҳо масъалаҳои таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва густариши доираи муносибатҳои шарикии стратегиро баррасӣ карданд.
Динамикаи рушди муносибатҳои дуҷонибаи Ӯзбекистону Ҳиндустон, ки ба мушоҳида мерасанд ва омодагии тарафҳо ба амалҳои муштарак барои густариши минбаъдаи онҳо дар тамоми соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн бо қаноатмандӣ қайд карда шуд.
Роҳбарон афзоиши ҳаҷми муомилоти моли дуҷонибаро қайд карданд. Аз аввали соли ҷорӣ муомилоти мол 30 фоиз афзуд. Дар давоми шаш соли охир шумораи корхонаҳои муштарак 5 баробар афзуд.
Лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаи IT, тандурустӣ, дорусозӣ, кишоварзӣ ва сайёҳӣ бомуваффақият татбиқ мегарданд. Нақшаҳо дар солҳои наздик ба 1 миллиард доллар расондани тиҷорати мутақобиларо дар бар мегиранд.
Зарурати ҳарчӣ зудтар қабул ва татбиқи барномаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ, илму маориф, инчунин созишномаҳо оид ба пешбурд ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ қайд карда шуд.
Роҳбарон ба таҳкими равобити шарикӣ миёни минтақаҳои ду кишвар таваҷҷуҳи хоса зоҳир карданд.
Манфиати Ӯзбекистон аз таҳкими робитаҳои нақлиётӣ бо Ҳиндустон, аз ҷумла истифодаи бандари "Чабаҳор" таъкид шуд.
Мавзӯи ҷудогонаи гуфтугӯҳо густариши ҳамкориҳои фарҳангиву гуманитарӣ буд. Солхои охир дар Ӯзбекистон се донишгоҳи Ҳиндустон кушода шуд.
Ба натиҷаҳои нишасти аввалини онлайнии "Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ" баҳои баланд дода шуда, аҳамияти татбиқи амалии тавофуқҳо дар доираи ин платформа таъкид гардид. Ба ҷониби Ҳиндустон барои дастгирӣ аз резолютсияи Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид оид ба таҳкими ҳамбастагии Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ изҳори сипос карда шуд.
Аз рӯи масъалаҳои ёрию мадади башардӯстона ва ёрӣ ба барқарор намудани иқтисодиёти Афғонистон мубодилаи афкор барпо гардид. Нарендра Модӣ ба саъю талошҳои Ӯзбекистон дар ин самт баҳои баланд дод.
Дар бораи андешидани чораҳои иловагӣ ҷиҳати пешбурди лоиҳаҳои муштарак ва барномаҳои ҳамкорӣ дар самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ мувофиқа ҳосил шуд.
Вохӯрӣ дар вазъияти ошкоро, гарму ҷӯшон ва дӯстона гузашт.