Президентҳои Ўзбекистон ва Куриё таҳияи рӯзномаи нави иқтисодии шарикии стратегиро баррасӣ карданд

    Ҳукумат 20 Sentabr 2023 4219

    Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев 19 сентябр дар ҳошияи сессияи Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк бо Президенти Ҷумҳурии Куриё Юн Сок Ёл вохӯрд.

    Дар рафти мулоқот масъалаҳои таҳкими минбаъдаи муносибатҳои махсуси шарикии стратегӣ ва густариши ҳамкории бисёрнақшаи Ӯзбекистону Куриёи Ҷанубӣ баррасӣ шуданд.

    Рушди пайвастаи равобити дуҷониба, ки ба риштаҳои таърихии дӯстӣ, менталитет, анъана ва арзишҳои ба ҳам монанд асос ёфтааст, бо қаноатмандӣ қайд карда шуд.

    Президенти Ўзбекистон оид ба масъалаҳои ташаккули рӯзномаи нави иқтисодии шарикии стратегӣ бо Ҷумҳурии Куриё таваҷуҳи алоҳида зоҳир намуд.

    Солҳои охир нишондиҳандаҳои савдои байниҳамдигарӣ ва сармоягузорӣ мунтазам меафзояд. Соли гузашта муомилоти мол 24 фоиз афзуд. Дар кишвари мо қариб ҳазор корхонаҳи муштарак фаъолият нишон медиҳанд, ҳаҷми сармояи куриёӣ аз 7 миллиард доллар гузашт.

    Ба ҳамкориҳои дарозмуддати пурсамар бо Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Куриё, Эксимбонки Куриё ва фондҳои он, ки портфели умумии лоиҳаҳои онҳо зиёда аз 3 миллиард долларро ташкил медиҳад, баҳои баланд дода шуд.

    Дар рафти вохӯрӣ самтҳои афзалиятноки ҳамкории амалӣ – тавсеаи шарикии технологӣ ва сармоягузорӣ бо ширкатҳои пешқадами Куриёи Ҷанубӣ, тезондани барномаҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ муҳим дар соҳаҳои таълим ва тандурустӣ, пеш бурдани лоиҳаҳои муштарак дар соҳаи инфрасохтор ва энергетикаи "сабз", рақамисозӣ, тайёркунии кадрҳо ва дигар самтҳо муайян шуданд.

    Бинобар натиҷаҳои музокирот сарвари давлатамон Президенти Куриё Юн Сок Ёлро даъват намуд, ки ба Ӯзбекистон бо боздиди давлатӣ ташриф орад.

    No date selected
    July 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates