Сарвари давлатамон ба Президенти Озарбойҷон барои даъват ва меҳмоннавозии самимонае, ки ба ҳайати Ӯзбекистон зоҳир карда шуд, миннатдорӣ баён кард.

Президентҳо доир ба густариши минбаъдаи муносибатҳои бисёрҷонибаи шарикии стратегии Ӯзбекистону Озарбойҷон табодули афкор намуданд.

Вусъат ёфтани робитаҳо дар сатҳи парлумонҳо, ҳукуматҳо, минтақаҳо, идораҳои сиёсати хориҷӣ ва дигар, доираҳои таҳлилӣ бо қаноатмандӣ қайд карда шуд.

Солҳои охир ҳаҷми муомилоти мол байни ҳар ду мамлакат пай дар пай меафзояд. Шумораи корхонахои муштарак 4 баробар афзуд.

Лоиҳаҳо оид ба ташкили васли автомобилҳои Ӯзбекистон, кластерҳои кирмакпарварӣ ва нассоҷӣ дар Озарбойҷон намунаи муваффақиятноки ҳамкориҳои судманд гардиданд.

Бинобар ҷамъбасти анҷумани тиҷоратӣ, ки дар арафаи сафар баргузор гардид, портфели мустаҳками лоиҳаҳои нави ҳамкорӣ ва шартномаҳои тиҷоратӣ ташаккул ёфт.

Раҳбарони Ӯзбекистон ва Озарбойҷон дурнамои густариши ҳамкориҳои саноатӣ дар соҳаҳои энергетика, мошинсозӣ, металлургия, шаҳрсозӣ, кишоварзӣ, маъдан, нассоҷӣ, кирмакпарварӣ, дорусозӣ, электротехникӣ ва дигар соҳаҳоро баррасӣ карданд.

Ба мақсади дастгирӣ ва пешбурди лоиҳаҳои муштарак аҳамияти таъмини фаъолияти пурсамари аз ҷониби ширкати сармоягузории Ӯзбекистону Озарбойҷон таъсисёфта қайд гардид.

Ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт ва транзит таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардид. Зарурати зиёд кардани ҳамлу нақли бор дар долони миёна, рушди муштараки логистика ва инфрасохтори бандар қайд карда шуд.

Президентҳо оиди муҳим будани рушди ҳамкориҳои байниминтақавӣ, ташкили вохӯриҳои мунтазами раҳбарони минтақаҳои ду кишвар ҷиҳати таҳия ва пешбурди лоиҳаҳои нави ҳамкорӣ изҳор карданд.

Пайравии тарафайни ҷонибҳо ҷиҳати густариши табодули фарҳангиву гуманитарӣ, татбиқи амалии барномаҳои муштарак дар соҳаи маориф ва илм изҳор карда шуданд.

Аҳамияти муттаҳид кардани саъю кӯшиш дар мубориза бо терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои киберӣ таъкид гардид.

Сарони давлатҳо ҳамчунин доир ба рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор намуда, масъалаҳои идома додани муколамаи пуршиддат ва дастгирии мутақобила дар доираи сохторҳои бисёрҷонибаро баррасӣ намуданд.