Сарвари давлати мо нақши таърихии роҳбари Озарбойҷонро дар таҳкими истиқлолият, барқарорсозии тамомияти арзӣ, таъмини рушди устувор ва боло бурдани нуфузи байналмилалии кишвар махсус қайд намуд.
Президентҳо масъалаҳои муҳими густариши минбаъда ва таҳкими муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ миёни Ӯзбекистон ва Озарбойҷонро дар доираи иҷрои созишномаҳои сатҳи олӣ баррасӣ намуданд.
Бо қаноатмандии амиқ натиҷаҳои самараноки ҳамкориҳои муштарак дар соли равони рушди фаъолонаи ҳамкории дуҷониба қайд гардиданд.
Ҳаҷми савдои мутақобила босуръат афзоиш меёбад, лоиҳаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи автомобилсозӣ, нассоҷӣ, электроника, кишоварзӣ, сайёҳӣ ва дигар бахшҳо дар марҳилаи фаъол қарор доранд. Барномаи пурмазмуни табодули фарҳангӣ ва гуманитарӣ амалӣ мегардад.
Роҳбарони Ӯзбекистон ва Озарбойҷон инчунин оид ба масъалаҳои байналмилалӣ табодули назар намуда, ҷадвали чорабиниҳои дарпешистодаро баррасӣ намуданд.