Лого Лого-пв-уз

    Сарони Ӯзбекистон ва Озарбойҷон рафти иҷрои тавофуқоти ҳосилшударо баррасӣ карданд

    Ҳукумат 24 Iyul 2022 2178

    24 июл мулоқоти телефонии Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев баргузор гардид.

    Раҳбари Озарбойҷон сарвари давлати моро ба муносибати рӯзи таваллудаш самимона табрик гуфта, ба халқи бародари Ӯзбекистон бахту саодат ва шукуфоии самимӣ орзу кард.

    Президентҳо ба натиҷаҳои самарабахши мулоқоти дуҷониба ва чорабиниҳо дар сатҳи олӣ, ки дар кишварамон 21-22 июни соли ҷорӣ баргузор гардид, баҳои баланд доданд.  

    Масъалаҳои иҷрои амалии созишнома ва қарордодҳои дар натиҷаи гуфтушуниди Ӯзбекистону Озарбойҷон қабулшуда муҳокима шуданд.

    Робитаҳо ва табодули доимии пуршиддат дар сатҳҳои байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ, суръати афзоиши бемайлони гардиши молҳои мутақобила ва кори самарабахши муштарак оид ба пешбурди лоиҳаҳои ҳамкорӣ бо қаноатмандии хоса қайд карда шуд.

    Ҳамчунин масъалаҳои омодагӣ ба чорабиниҳои дарпешистодаи дуҷониба ва бисёрҷониба, аз ҷумла, ҳамоиши Созмони кишварҳои туркӣ дар моҳи ноябри соли ҷорӣ дар Самарқанд баррасӣ шуданд.

    No date selected
    January 2023
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates