Роҳбарони Ӯзбекистон ва Покистон масъалаҳои васеъ гардондани ҳамкории мутақобилан судмандро баррасӣ намуданд

    Ҳукумат 25 Noyabr 2021 3137

    Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев 25 ноябр бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Имрон Хон мулоқоти телефонӣ анҷом дод.

    Сарвари давлатамон Сарвазир Имрон Хонро бо зодрӯзаш самимона табрик гуфта, ба ӯ саломатӣ, беҳбудӣ ва муваффақиятҳои бузург, инчунин ба мардуми дӯсти Покистон сулҳу шукуфоӣ таманно намуд.

    Зимни суҳбат масъалаҳои татбиқи амалии созишномаҳои дар сатҳи олӣ ҳосилшуда ва дурнамои минбаъдаи тавсеаи ҳамкориҳои мутақобилан судманди байни кишварҳои мо баррасӣ шуданд.

    Фаъол шудани муколама, афзоиши чашмраси нишондиҳандаҳои гардиши моли дуҷониба ва таҳкими ҳамкорӣ дар сатҳи тиҷорат бо қаноатмандӣ қайд карда шуд. Ба пеш бурдани лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаи мошинсозии кишоварзӣ, дорусозӣ ва кимиё, соҳаи бофандагӣ, саноати масолеҳи сохтмон ва дигар соҳаҳо эътибори алоҳида нигаронда шуд. Роҳбарон масъалаҳои татбиқи амалии лоиҳаҳои бузурги инфрасохториро дар минтақа баррасӣ карданд.

    Ҷадвали мулоқотҳои оянда низ баррасӣ шуд.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates