Роҳбарони Ӯзбекистон ва Қатар дурнамои густариши шарикии стратегиро баррасӣ карданд

    Сарвари давлати мо Амири Қатарро бо иди миллӣ – Рӯзи ташкилёбии давлат самимона табрик намуда, ба ӯ тандурустӣ, осоиштагӣ ва комёбӣ, инчунин ба мардуми дӯсти Қатар сулҳ ва шукуфоӣ орзу кард.

    Масъалаҳои татбиқи амалии тавофуқоти сатҳи олӣ ва пешбурди лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар маркази таваҷҷуҳи суҳбати телефонии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо Амири Давлати Қатар Шайх Тамим бин Ҳамад Ол Сонӣ, ки 17 декабр баргузор гардид, қарор доштанд.

    Дар ҷараёни суҳбат масъалаҳои мубрами густариши минбаъдаи ҳамкориҳои бисёрҷанба ва таҳкими шарикии стратегии кишварҳоямон баррасӣ шуданд.

    Натиҷаҳои тамосҳо ва табодули фаъол мусбат арзёбӣ гардиданд. Моҳи ноябри соли равон дар шаҳри Доҳа ҷаласаи нахустини Комиссияи байниҳукуматӣ ва форуми соҳибкорӣ пурсамар баргузор шуд. Дар моҳи октябр дар шаҳри Тошканд чорабиниҳои Ҳафтаи фарҳанги Қатар бо муваффақият ташкил гардиданд.

    Бо иштироки ширкатҳои пешбари қатарӣ лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои энергетика, рушди инфрасохтори нақлиёт ва сайёҳӣ, кишоварзӣ, тандурустӣ ва дигар самтҳои афзалиятнок татбиқ мешаванд.

    Байни пойтахтҳо иртиботи доимии ҳавоии мустақим барқарор гардидааст, ки ба афзоиши ҷараёни мутақобилаи сайёҳӣ мусоидат мекунад.

    Дар ҷараёни суҳбат роҳбарони давлатҳо ба нақшаи чорабиниҳои дар соли 2025 дарпешистода, аз ҷумла ба баргузории Саммити дувуми муколамаи «Осиёи Марказӣ – Шӯрои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ» таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.

    Ҳамчунин доир ба масъалаҳои муҳими рӯзномаи байналмилалӣ табодули афкор сурат гирифт.


    No date selected
    March 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates