Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои муҳими муносибатҳои шарикии стратегӣ ва ҳамкориҳои бисёрҷонибаи Ӯзбекистон ва Қатар баррасӣ гардиданд.
Дар оғози суҳбат Сарвари давлати мо ба таври қатъӣ ҳамлаҳои мушакӣ аз ҷониби Исроилро ба пойтахти Қатар – шаҳри Доҳа, ки чанде пеш сурат гирифт, маҳкум намуд. Таъкид шуд, ки чунин амалҳои номақбул, ки истиқлолият ва соҳибихтиёриро вайрон карда, инчунин амнияти Қатарро таҳти хатар мегузоранд, бо Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид, меъёр ва принсипҳои асосии ҳуқуқи байналмилалӣ мухолифанд.
Зикр гардид, ки Ӯзбекистон бар зидди ҳама гуна шаклҳои истифодаи қувва дар муносибатҳои байналмилалӣ ва қадамҳое, ки ба шиддатёбии минбаъдаи вазъият дар Ховари Миёна оварда мерасонанд, мебошад.
Президенти Ӯзбекистон бомуваффақият баргузор намудани саммити фавқулоддаи арабӣ-исломӣ, ки бо ташаббуси Қатар даъват мешавад, таманно намуд.
Дар навбати худ, Амири Давлати Қатар барои ҳамбастагӣ ва дастгирӣ миннатдории амиқ баён намуд.
Дар ҷараёни суҳбати телефонӣ ҳамчунин масъалаҳои идомаи тамосҳои фаъоли сиёсӣ ва андешидани чораҳои ҳамоҳангшуда оид ба суръат бахшидани амалисозии лоиҳаҳои ҳамкорӣ бо ширкатҳои пешбари ду кишвар муҳокима гардиданд.