Раҳбарони Ӯзбекистон ва Қирғизистон масъалаҳои мубрами рӯзномаи дуҷонибаро баррасӣ карданд

    Ҳукумат 12 Noyabr 2021 5090

    Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев 12 ноябр дар доираи барномаи чорабиниҳои ҳамоиши Шӯрои туркӣ дар шаҳри Истанбул  дар қароргоҳи барояш ҷудошуда бо Президенти Қирғизистон Садир Жапаров мулоқот анҷом дод.

    Масъалаҳои татбиқи амалии қарордодҳое, ки дар рафти мулоқоти раҳбарони кишварҳои мо моҳи марти соли ҷорӣ дар шаҳри Тошканд ҳосил шуда буданд, баррасӣ шуданд.

    Динамикаи устувори рушди ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ бо қаноатмандӣ қайд гардид.

    Ҳаҷми муомилоти мол ва кашондани бор, суръати ҳаракати ҳавоӣ зиёд мешавад. Дар соҳаҳои мошинсозӣ, электротехника, энергетика, кишоварзӣ, логистика ва дигар соҳаҳо, аз ҷумла бо ҷалби маблағҳои Фонди муштараки сармоягузории таъсисдода лоиҳаҳои пешомадноки ҳамкорӣ таҳия карда мешаванд.

    Мубодилаи фарҳангӣ вусъат меёбад, барномаҳои муҳими инсонпарварӣ амалӣ мегарданд.

    Ба пешрафти зудтари лоиҳаи сохтмони роҳи оҳани "Чин – Қирғизистон – Ӯзбекистон" таваҷҷӯҳи хоса дода шуд.

    Ҳамчунин доир ба масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои минтақавӣ, аз ҷумла дар доираи Шӯрои ҳамкории кишварҳои туркзабон табодули афкор сурат гирифт.

    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates