Роҳбарони Ӯзбекистон ва Қазоқистон дурнамои густариши ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ карданд

    Ҳукумат 17 Noyabr 2021 3149

    Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон  Шавкат Мирзиёев 17 ноябр бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон  Қосим-Жомарт Тоқаев мулоқоти телефонӣ анҷом дод.

    Масъалаҳои муҳими рушди минбаъдаи муносибатҳои шарикии стратегии Ӯзбекистону Қазоқистон ва густариши ҳамкориҳои бисёрҷониба баррасӣ гардиданд.

    Ба пешбурди ҳамкориҳои амалӣ, пеш аз ҳама вусъат додани ҳаҷми тиҷорати дуҷониба, омода ва татбиқи лоиҳаҳои дарозмуддати ҳамкорӣ дар соҳаҳои мошинсозӣ, энергетика, кишоварзӣ, нақлиёту логистика, дорусозӣ, саноати нассоҷӣ ва хӯрокворӣ ва дигар самтҳои афзалиятнок таваҷҷӯҳи махсус зоҳир карда шуд.

    Ғайр аз ин, аҳамияти фаъолгардонии робитаҳои минтақавӣ ва табодули фарҳангию гуманитарӣ қайд гардид.

    Дар бораи аз ҷониби ҳукуматҳои ду мамлакат якҷоя кор карда баромадани самтҳои нав ва барномаҳои дақиқи ҳамкории ба ҳамдигар муфид созиш ҳосил гардид.

    Сарони давлатҳо ҷадвали вохӯриҳои сатҳи олии дарпешистодаро низ баррасӣ карданд.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates