Раҳбарони Ӯзбекистон ва Қазоқистон масъалаҳои мубрами рӯзномаи дуҷониба ва минтақавиро баррасӣ карданд

    Ҳукумат 17 May 2022 4203

    Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 17 май бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев мулоқоти телефонӣ анҷом дод.

    Сарвари давлатамон Президенти Қазоқистонро бо зодрӯзаш самимона табрик гуфта, ба ӯ саломатии бардавом, бахту саодат ва комёбӣ, сулҳу субот ва шукуфоии кишвари бародарро аз самими қалб таманно намуд.

    Рушди муназзами муносибатҳои дӯстӣ, некҳамсоягӣ, шарикии стратегӣ ва иттифоқии Ўзбекистон ва Қазоқистон бо қаноатмандии калон қайд шуд.

    Нишондиҳандаҳои савдои байниҳамдигарӣ аз аввали сол бемайлон меафзояд. Ба қарибӣ алоқаи роҳи оҳани мусофиркашонии байни мамлакатҳои мо барқарор карда шуд.

    Ба натиҷаҳои амалии гуфтушунидҳои ҳайатҳои вакилони ҳукуматии Ӯзбекистон ва Қазоқистон, ки ба қарибӣ баргузор гардид, баҳои баланд дода шуд. Аҳамияти суръат бахшидан ба таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки ҳамкорӣ қайд карда шуд.

    Сарони ду кишвар ҳамчунин доир ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва густариши ҳамкориҳои минтақавӣ табодули назар карданд.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates