Раҳбарони Ӯзбекистон ва Қазоқистон аҳамияти рушди минбаъдаи ҳамкориҳои густурдаро таъкид намуданд

    Ҳукумат 3 Mart 2023 5145

    3 март Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев дар шаҳри Чимкент мулоқоти ғайрирасмӣ анҷом доданд.

    Масъалаҳои таҳкими минбаъдаи муносибатҳои шарикии стратегӣ ва иттифоқии Ӯзбекистону Қазоқистон, густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

    Ба масъалаҳои суръат бахшидан ба лоиҳаҳои ҳамкорӣ мутобиқи тавофуқоти қаблан дар сатҳи олӣ ҳосилшуда таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.

    Сарони давлатҳо ҳисоботи муовинони Сарвазирони ду кишвар, ҳамраисҳои гурӯҳҳои махсуси кориро оид ба рафти иҷрои созишномаҳои имзошуда ва қарорҳои қабулгардида шуниданд.

    Президентҳо оид ба амиқсозии ҳамкории амалӣ дар соҳаҳои саноат, энергетика, кишоварзӣ, нақлиёт ва логистика супоришоти мушаххас доданд. Аҳамияти густариши мубодилаи фарҳангӣ ва башардӯстона таъкид шуд.

    Ҳамчунин масъалаҳои мубрами рӯзномаи минтақавӣ, ҷадвали чорабиниҳои дарпешистода баррасӣ гардиданд.

    Вохӯрӣ дар вазъияти анъанавии кушод, гарму ҷӯшон ва дӯстона гузашт.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates