Президентҳои Ўзбекистон ва Қазоқистон масъалаҳои ҳамкории амалиро баррасӣ карданд

    Ҳукумат 6 Sentabr 2022 5006

    Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев 6 сентябр бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев мулоқоти телефонӣ анҷом дод.

    Сарвари давлатамон дар оғози сӯҳбат ба раҳбари Қазоқистон дар робита ба сӯхторҳои ҷангал дар вилояти Қӯстанай изҳори дастгирӣ намуда, ҳамчунин омодагии худро барои расонидани кӯмаки зарурӣ дар рафъи оқибатҳои ҳодисаи изтирорӣ таъкид кард.

    Сарони ду кишвар масъалаҳои мубрами таҳкими минбаъдаи муносибатҳои некҳамсоягӣ, шарикии стратегӣ ва иттифоқии Ӯзбекистону Қазоқистон, густариши ҳамкориҳои амалӣ дар самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ карданд.

    Ба татбиқи лоиҳаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорат, саноат, энергетика, нақлиёту логистика, кишоварзӣ ва дигар бахшҳои иқтисодиёт таваҷҷуҳи махсус дода шуд.

    Аз рӯи масъалаҳои минтақавӣ низ мубодилаи афкор барпо гардид. Рӯзномаи ҳамоиши дарпешистодаи Созмони ҳамкориҳои Шанхай, ки моҳи ҷорӣ дар шаҳри Самарқанд баргузор мешавад, баррасӣ шуд.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates