Тақдимоти Маркази зеҳни сунъии alem.ai, ки бо ташаббуси Президенти Қазоқистон таъсис меёбад, баргузор шуд.
Alem.ai — платформаест барои омӯзиши мутахассисон дар соҳаи зеҳни сунъӣ, роҳандозии стартапҳо ва татбиқи таҳқиқоти илмӣ дар ин самт.
Роҳбарон ҳамчунин бо фаъолияти «Central Asian Innovation Hubs» («Astana Hub» ва «IT Park Uzbekistan») – эътилофи бузургтарин технопаркҳои Осиёи Марказӣ, шинос шуданд.
Президентҳо аҳамияти густариши ҳамкориҳои мутақобилан судмандро дар соҳаи рақамикунонӣ, эҷоди маҳсулоти муштараки IT, ҳамоҳангсозии стратегияҳои миллӣ дар бахши зеҳни сунъӣ ва технологияҳои иттилоотии пешрафта таъкид карданд.