Президентҳои Ўзбекистон ва Қазоқистон масъалаҳои таҳкими минбаъдаи муносибатҳои шарикии стратегӣ ва иттифоқиро баррасӣ намуданд

    Ҳукумат 20 Yanvar 2022 3503

    20 январ Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев мулоқоти телефонӣ анҷом дод.

    Сарони давлатҳо ҷанбаҳои мубрами рӯзномаи дуҷониба ва ҳамкориҳои минтақавиро баррасӣ карданд.

    Динамикаи кунунии рушди муносибатҳои сиёсии Ӯзбекистону Қазоқистон, афзоиши ҳаҷми гардиши мол ва таҳкими робитаҳои ҳамкорӣ, фаъол шудани табодули байниминтақавӣ ва фарҳангию гуманитарӣ бо қаноатмандӣ қайд карда шуд.

    Ба тавсеаи ҳамкориҳои амалӣ, аз ҷумла пешбурди лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои тиҷорату логистика, мошинсозӣ, энергетика, кишоварзӣ, кимиё ва дорусозӣ, саноати нассоҷӣ ва хӯрокворӣ, дигар самтҳои афзалиятнок таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.

    Сарвари давлати мо аз тадбирҳои андешидаи Президенти Қазоқистон ҷиҳати ба эътидол овардани вазъ дар кишвар изҳори дастгирӣ кард. Инчунин оид ба масъалаҳои таъмини амнияти минтақавӣ табодули афкор сурат гирифт. Ҷадвали вохӯриҳои дарпешистодаи сатҳи олӣ баррасӣ шуд.

    Гуфтугӯи телефонӣ дар фазои анъанавии кушод, корӣ ва дӯстона сурат гирифт.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates