Сарвари давлат Президенти Қазоқистонро ба муносибати бомуваффақият баргузор шудани раъйпурсӣ оид ба лоиҳаи Конститутсия дар таҳрири нав самимона табрик гуфт.
Таъкид гардид, ки навгониҳои қабулшуда барои таъмини рушди устувори Қазоқистон ва таҳкими нуфузи байналмилалии кишвар заминаи боэътимоди ҳуқуқӣ фароҳам оварда, ба ин раванд суръати иловагӣ мебахшад.
Ҳамчунин масъалаҳои муҳими боз ҳам таҳким бахшидани муносибатҳои шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Ӯзбекистону Қазоқистон аз нуқтаи назари татбиқи созишҳои дар сатҳи олӣ бадастомада баррасӣ шуданд.
Ба пешбурди лоиҳа ва барномаҳои муштарак дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ, нақлиёт, фарҳангиву гуманитарӣ ва дигар самтҳои афзалиятнок таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Роҳбарон инчунин доир ба масъалаҳои мубрами дорои аҳамияти байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули назар намуда, нақшаи чорабиниҳои минбаъдаи дуҷониба ва бисёрҷонибаро муҳокима карданд.
Сарони давлатҳо ҳамчунин, халқҳои бародари моро бо фаро расидани Иди Рамазон ва ҷашни Наврӯз самимона табрик гуфта, сулҳу оромӣ, некӯаҳволӣ ва шукуфоии пойдор орзу намуданд.