Раҳбарони Ӯзбекистон ва Русия масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ карданд

    Ҳукумат 24 May 2022 5569

    Президенти Ҷумҳуриии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев 24 май бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқоти телефонӣ анҷом дод.

    Масъалаҳои мубрами рушди минбаъдаи муносибатҳои шарикии стратегӣ ва иттифоқии Ӯзбекистону Русия, густариши ҳамкориҳои гуногунҷанбаи ду кишвар баррасӣ шуданд.

    Ба татбиқи амалии созишномаҳое, ки дар рафти мулоқоти сатҳи олии моҳи ноябри соли гузаштаи Маскав ба даст омаданд, диққати махсус дода шуд.

    Динамикаи мусбати робитаҳои фаъол ва табодули мутақобила аз аввали соли ҷорӣ бо қаноатмандӣ қайд карда шуд. Чорабиниҳои дуҷониба дар чаҳорчӯби Форуми байналмилалии сармоягузории Тошканд дар охири моҳи март ва Намоишгоҳи байналмилалии саноатии «Иннопром», ки моҳи апрели соли ҷорӣ дар пойтахти Ӯзбекистон дар формати нави минтақавӣ ташкил шуда буданд, бомуваффақият баргузор шуданд.

    Татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки кооператсияи саноатӣ идома дорад. Аз аввали сол ҳаҷми муомилоти мол 40 фоиз афзуд.

    Барномаҳои муҳими ҳамкориҳои башардӯстона, аз ҷумла дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, сайёҳӣ ва варзиш амалӣ мешаванд.

    Раҳбарони Ӯзбекистон ва Русия аҳамияти амиқтар кардани робитаҳои ҳамкории доираҳои соҳибкорӣ ва истифодаи самараноки имконоти бузурги робитаҳои байниминтақавиро таъкид намуданд.

    Инчунин оид ба масъалаҳои рӯзномаи минтақавӣ ва сиёсати байналмилалӣ табодули афкор сурат гирифт.

    Суҳбати телефонии сарони ду кишвар дар фазои анъанавии кушод, эътимод ва дӯстона сурат гирифт.

    No date selected
    November 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates