Роҳбарони Ўзбекистон ва Русия масъалаҳои татбиқи амалии созишномаҳоро дар сатҳи олӣ муҳокима карданд

    Ҳукумат 21 Fevral 2024 2584

    21 феврал дар доираи барномаи сафари корӣ ба шаҳри Қазон мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин баргузор гардид.

    Дар оғози суҳбат Сарвари давлатамон Президенти Русияро ба муносибати баргузории нахустин бозиҳои байналмилалии “Бозиҳои оянда”, ки варзиши анъанавӣ ва киберспортро муттаҳид мекунад, самимона табрик гуфт.

    Масъалаҳои кунунии рӯзномаи дуҷониба, аз ҷумла рафти иҷрои амалии созишҳое, ки дар сатҳи олӣ 5-7 октябри соли ҷорӣ дар Маскав ҳосил шуда буданд, баррасӣ шуданд.

    Сарони ду кишвар бо қаноатмандӣ таҳкими пайвастаи муносибатҳои шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ ва иттифоқии Ӯзбекистону Русияро қайд карданд.

    Ба натиҷаҳои пурсамари ҷаласаҳои комиссияи байниҳукуматӣ, форумҳои байниминтақавӣ, таълимӣ, тиббӣ ва як қатор чорабиниҳои дигари соҳибкорӣ ва фарҳангии соли 2023 баҳои баланд дода шуданд.

    Динамикаи мусбати гардиши мол идома дорад. Лоиҳаҳо дар соҳаҳои саноат, энергетика, нақлиёт, кимиё, дорусозӣ ва дигар бахшҳо дар марҳилаи фаъоли татбиқ қарор доранд.

    Ба вусъат додани робитаҳои кооператсионӣ байни минтақаҳо диққати махсус дода шуд.

    Технопаркҳои индустриалии “Химград” дар вилоятҳои Тошканд ва Ҷиззах бо муваффақият фаъолият нишон медиҳанд. Дар вилоятҳои Бухоро ва Навоӣ паркҳои нави инноватсионии «Алабуга» ва «Мастер» созмон дода мешаванд.

    Сарони давлатҳо масъалаҳои рушди муштараки долонҳои самараноки нақлиётӣ ва амиқсозии ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёти роҳи оҳанро баррасӣ карданд.

    Инчунин оид ба рӯзномаи минтақавӣ табодули афкор сурат гирифта, ҷадвали чорабиниҳои дарпешистодаи байналмилалӣ баррасӣ гардид.

    No date selected
    May 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates