Роҳбарони Ӯзбекистон ва Русия авлавиятҳои ҳамкории тиҷоративу иқтисодиро баррасӣ карданд

    Ҳукумат 30 Noyabr 2022 4696

    30 ноябр Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқоти телефонӣ анҷом дод.

    Дар рафти суҳбат масъалаҳои мубрами густариши минбаъдаи ҳамкории бисёрҷониба ва таҳкими муносибатҳои шарикии стратегии ҳамаҷонибаи Ўзбекистон ва Русия баррасӣ гардиданд.

    Идомаи робитаҳои фаъол дар сатҳҳои гуногун ва кори муштараки пурсамари афзоянда ҷиҳати татбиқи созишномаҳо дар сатҳи олӣ бо қаноатмандӣ таъкид гардид.

    Аз аввали сол ҳаҷми муомилоти мол бештар аз 30 фоиз афзуд. Моҳи гузашта ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ бомуваффақият баргузор гардид. 1-2 декабр дар Самарқанд ҷаласаи Комиссияи муштарак дар сатҳи сарони ҳукуматҳои ду кишвар баргузор мешавад, ки дар он лоиҳаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёт баррасӣ мешаванд. Ҳамчунин бо иштироки намояндагони корхонаҳои саноатӣ ва ширкатҳои пешрафтаи кишварҳои мо баргузории як қатор чорабиниҳои корӣ дар назар аст.

    Ҳамкории байниминтақавӣ вусъат меёбад. Дар самти табодули гуманитарӣ натиҷаҳои пурсамари Форуми сеюми таълими Ӯзбекистону Русия қайд карда шуд.

    Илова бар ин, оид ба масъалаҳои ҳамкории амалӣ дар формати бисёрҷониба, аз ҷумла дар минтақаи Осиёи Марказӣ табодули афкор сурат гирифт. Роҳбарон инчунин ҷадвали чорабиниҳои дарпешистодаро баррасӣ карданд.

    Суҳбати телефонии президентҳои Ӯзбекистон ва Русия дар фазои анъанавии кушод, эътимод ва дӯстона сурат гирифт.

    No date selected
    March 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates