Дар ин чорабинӣ роҳбарон ва намояндагони беш аз 100 ширкати пешрафтаи саноатӣ ва тиҷоратии ҳар ду кишвар иштирок карданд.
Тарафи Словения бо ширкатҳое чун KRKA, Duol, Emo Frite, Panvita, Medex, Tajfun Planina, Altado, UVC Solutions, Riko ва дигарон муаррифӣ шуд.
Дар суханронии худ Сарвари давлати мо таъкид намуд, ки музокироти судманди сатҳи олӣ, ки имрӯз баргузор гардид, саҳифаи нави ҳамкориҳои Ӯзбекистон ва Словенияро, пеш аз ҳама дар бахшҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва сармоягузорӣ боз кард.
Қайд гардид, ки дар шароити кунунии мураккаби иқтисоди ҷаҳонӣ муҳим аст, ки имкониятҳои афзоиши савдои мутақобила, густариши ҳамкорӣ ва диверсификатсияи иқтисоди миллӣ истифода шаванд.
Ҳадаф гузошта шуд, ки дар солҳои наздик ҳаҷми савдои дуҷониба то 500 миллион евро, аз ҳисоби васеъ кардани номгӯй ва ҳаҷми интиқоли маҳсулоти зарурӣ — аз ҷумла маҳсулоти нассоҷӣ ва меваҷот, нуриҳои минералӣ, маҳсулоти мисӣ, доруворӣ, таҷҳизоти технологӣ ва дигар молҳои дорои арзиши баланди иловашуда афзоиш дода шавад.
Зарурати қабули Барномаи рушди ҳамкории саноатӣ дар соҳаҳое, ки иқтисоди ҳар ду кишвар метавонанд ҳамдигарро пурра кунанд, таъкид гардид.
Президенти Ӯзбекистон самтҳои асосии шарикии иқтисодии ояндаро муайян намуд. Дар байни онҳо локализатсияи истеҳсоли доруворӣ, истеҳсоли таҷҳизоти электртехникӣ ва маҳсулоти хӯрокворӣ, нигоҳдорӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, сохтмон ва навсозии иншооти энергетикаи “сабз” мебошанд.
Ба рушди пайвастагии нақлиётӣ, аз ҷумла тавассути истифодаи имкониятҳои бандари Копер дар Словения ва ба роҳ мондани парвозҳои мустақим байни ду кишвар таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Зикр шуд, ки тартиби раводиди бидуни виза барои шаҳрвандони Словения, ки дар Ӯзбекистон ҷорӣ гардидааст, ба рушди мубодилаи соҳибкорӣ, фарҳангӣ ва сайёҳӣ мусоидат хоҳад кард.
Сарвари давлати мо таваҷҷуҳи ширкатҳои словениро ба ҳамкории судманди дуҷониба баланд арзёбӣ намуда, ба онҳо барои пешниҳодҳо ва нақшаҳои мушаххаси иқтисодӣ изҳори сипос кард.
Дар анҷом дар ҳузури сарони ҳар ду давлат, маросими мубодилаи созишномаҳои дуҷонибаи тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва сармоягузорӣ баргузор гардид.