Раҳбарони Ӯзбекистон ва Тоҷикистон масоили мубрамро баррасӣ карданд

    Ҳукумат 16 Sentabr 2021 4103

    Дарҳол пас аз расидан ба шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот анҷом дод.

    Масъалаҳои мубрами рушди минбаъдаи муносибатҳои гуногунҷанбаи Ӯзбекистону Тоҷикистон, инчунин ҳамкориҳои минтақавӣ баррасӣ шуданд.

    Муҳимияти идомаи алоқаҳои фаъолона ва табодул ба мақсади татбиқи амалии лоиҳаҳои ҳамкорӣ дар бахшҳои иқтисод ва барномаи ҳамкориҳои фарҳангию гуманитарӣ тибқи созишномаҳои сатҳи баланд таъкид шуд.

    Ҳамчунин оид ба вазъ дар Афғонистон мубодилаи афкор ба амал омад.

    Сарвари давлати мо ба натиҷаҳои раёсати босамари Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай баҳои баланд дод ва бомуваффақият баргузор шудани чорабиниҳои дар пеш истодаи ҳамоишро таманно кард.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates