Раҳбарони Ӯзбекистон ва Тоҷикистон рӯзномаи кунунии дуҷониба ва минтақавиро баррасӣ карданд

    Ҳукумат 30 Avgust 2021 3694

    Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 30 август бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқоти телефонӣ анҷом дод.

    Роҳбари Тоҷикистон сарвари давлати мо ва мардуми бародари Ӯзбекистонро бо 30-юмин солгарди истиқлолияти кишвар самимона табрик гуфта, аз самими қалб сулҳ, некӯаҳволӣ ва шукуфоӣ таманно кард.

    Президентҳо рафти иҷрои қарордодҳо ва созишномаҳоро, ки аз рӯи натиҷаҳои сафари сатҳи олӣ ба Тоҷикистон 10-11 июни соли равон қабул шуда буданд, баррасӣ карданд.

    Муҳимияти татбиқи саривақтии лоиҳаҳои муштараки кооператсия дар соҳаи ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ таъкид шуд.

    Президентҳо ба муносибати авҷ гирифтани шиддати низомию сиёсӣ дар Афғонистон ба масъалаҳои минтақавӣ алоҳида таваҷҷӯҳ карданд. Дар бораи таҳкими ҳамоҳангсозӣ ва идомаи робитаҳои наздики байниидоравӣ созиш ҳосил шуд.

    Илова бар ин, сарварон масъалаҳои омодагӣ ба ҳамоиши қарибулвуқӯъи Созмони ҳамкории Шанхайро моҳи сентябри соли равон дар шаҳри Душанбе баррасӣ карданд.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates