Сарони давлатҳо масъалаҳои мубрами рӯзномаи дуҷонибаи муносибатҳои Ӯзбекистон ва Тоҷикистонро баррасӣ карданд, инчунин оид ба ҷанбаҳои ҳамкориҳои минтақавӣ мубодилаи афкор намуданд.

Ба рушди вазъият дар минтақаи мо ба муносибати бад шудани вазъ ва афзоиши ташаннуҷ дар самти Афғонистон диққати махсус дода шуд. Аҳамияти идомаи ҳамоҳангии наздики байниидоравӣ таъкид гардид.

Президентҳо инчунин ҷадвали чорабиниҳои сатҳи олии дарпешистода, аз ҷумла баргузории Ҷаласаи навбатии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказиро баррасӣ карданд.