Дар оғози суҳбат роҳбари Тоҷикистон Сарвари давлатамонро бо самимият бо рӯзи мавлудаш табрик намуда, аз самими дил саломатии бардавом, бахту иқболи нек, муваффақиятҳои бузург ва сулҳу шукуфоии бародарона ба мардуми Ӯзбекистон орзу кард.
Зимни суҳбат масъалаҳои рушди минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек, шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Ӯзбекистон, пеш аз ҳама татбиқи амалии тавофуқҳои дар сатҳи олӣ бадастомада баррасӣ гардиданд.
Афзоиши ҳаҷми савдои дуҷониба ва пешрафти лоиҳаҳои ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногуни иқтисодиёт, аз ҷумла тавассути ширкати сармоягузории муштарак зикр гардид. Корҳо барои ба роҳ мондани марказҳои савдои наздисарҳадӣ идома доранд. Парвозҳои мустақим байни шаҳрҳои Самарқанд ва Душанбе барқарор шуданд. Барномаҳои муҳими фарҳангӣ амалӣ шуда истодаанд.
Роҳбарони ду кишвар инчунин масъалаҳои рӯзномаи минтақавӣ, аз он ҷумла омодагӣ ба Мулоқоти машваратии навбатии Сарони давлатҳои Осиёи Марказиро баррасӣ карданд.








