Президентҳои Ӯзбекистон ва Туркия масъалаҳои мубрами рӯзномаи дуҷониба ва минтақавиро баррасӣ карданд

    Ҳукумат 6 Yanvar 2022 3123

    6 январ мулоқоти телефонии байни Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Таййип Эрдӯған ба амал омад.

    Зимни суҳбат раҳбарони ду кишвар вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои шарикии стратегии Ӯзбекистону Туркия, инчунин масъалаҳои густариши минбаъдаи ҳамкориҳоро баррасӣ намуданд. Ҳамчунин доир ба вазъи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла дар бораи вазъи кунунии Қазоқистон табодули афкор ба амал омад.

    Президентҳо ба зарурати андешидани тамоми чораҳои зарурӣ барои таъмини сулҳу субот дар Қазоқистон ба мувофиқа расиданд.

    Дар баробари ин сарони давлатҳо ба ҳалли осоиштаи вазъият даъват карда, аҳамияти пешгирии хушунат ва авҷ гирифтани вазъиятро таъкид карданд.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates