Дар ҳудуди ин минтақа биноҳои маъмурии дирексия, хадамоти гумрукӣ, карантинӣ, фитосанитарӣ ва ветеринарӣ, инчунин павилони савдо ва анборҳо ҷойгир шудаанд.
Дар ин ҷо аз рӯи тамоюли «равзанаи ягона» хидматҳои давлатӣ расонда мешаванд ва низомҳои интерактивӣ, хидматрасониҳои бонкӣ, тиббӣ ва меҳмонхона, ҳамчунин таваққуфгоҳи бузурги автомобилӣ ташкил карда шудаанд.
Фаъолияти минтақа ба густариши робитаҳои тиҷорӣ ва иқтисодии вилояти Хоразми Ӯзбекистон ва вилояти Дошоғузи Туркманистон — ду минтақаи муҳими дорои беш аз 3,5 миллион аҳолӣ мусоидат хоҳад кард.