Дар оғози суҳбат роҳбарон якдигарро ба муносибати иди муқаддаси Рамазон ва ҷашни баҳории Наврӯз самимона табрик намуда, ба халқҳои бародари ду кишвар сулҳ, фаровонӣ ва шукуфоии минбаъдаро орзу карданд.
Сарвари давлати мо инчунин табрикоти гарму самимии худро ба Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов расонд.
Бо қаноатмандӣ таъкид гардид, ки муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва шарикии стратегии миёни Ӯзбекистон ва Туркманистон босуръат рушд доранд.
Муносибатҳои самаранок дар ҳамаи сатҳҳо идома доранд. Ҳаҷми гардиши мол, аз ҷумла аз ҳисоби содироти маҳсулоти тайёр устуворона меафзояд. Ба рушди тиҷорати мутақобила фаъолияти самараноки минтақаи нави савдои «Шават–Дашоғуз» низ мусоидат мекунад.
Ҳаҷми ҳамлу нақли борҳо, аз ҷумла тавассути бандари Туркманбошӣ, пайваста зиёд мешавад. Ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, саноат, захираҳои об ва нақлиёт густариш меёбад. Ба рушди робитаҳои байнипарлумонӣ, байни минтақаҳо, соҳибкорӣ ва фарҳангӣ-гуманитарӣ аҳамияти махсус дода шуд.
Ҷонибҳо ҳамчунин оид ба вазъияти дар Ховари Миёна ва Осиёи Ҷанубӣ баамаломада мубодилаи афкор намуда, таъкид карданд, ки роҳи ягонаи расидан ба сулҳи пойдор ҳалли масъалаҳо бо усулҳои сиёсӣ ва дипломатӣ мебошад.
Ҳамчунин ҷадвали чорабиниҳои бисёрҷониба ва дуҷонибаи имсола баррасӣ гардид.