Президентҳои Ӯзбекистон ва Венгрия масъалаҳои густариши шарикии стратегиро баррасӣ карданд

    Ҳукумат 4 Oktabr 2022 4360

    Дар Қасри “Шандор”-и Будапешт мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев бо Президенти Венгрия Каталин Новак ба амал омад.

    Пеш аз оғози вохӯрӣ роҳбари кишварамон дар Китоби меҳмонони фахрӣ навиштаҷот гузошт, маросими суратгирии якҷояи президентҳо ба амал омад.

    Сарони давлатҳо доир ба таҳкими минбаъдаи шарикии бисёрҷонибаи стратегии Ӯзбекистону Венгрия табодули афкор намуданд.

    Таъкид гардид, ки робитаҳои амиқи таърихӣ, арзишҳои муштарак ва менталитети якхелаи мардуми ду кишвар заминаи мустаҳкам барои густариш ва таҳкими муносибатҳои дӯстона мебошанд. Нақши олимони шарқшинос дар омӯзиши таърихи муносибатҳо ва мероси бои мадании халқҳои мо, ки дар байни онҳо Арминий Вамбери, Исҳоқ Иброҳим ва дигарон ҳастанд, махсусан қайд карда шуд.

    Президентҳо рушди босуръати ҳамкориҳои дуҷониба, амиқтар шудани муколамаи густурдаи сиёсӣ, идомаи дастгирии мутақобила, густариши робитаҳои байнипарлумонӣ ва ҷамъиятиро бо қаноатмандӣ қайд карданд.

    Афзудани ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоявӣ ба сифати бартарии муҳим зикр шуд. Таъкид гардид, ки дар солҳои охир ҳаҷми муомилоти мол қариб се баробар афзуд.

    Дар фаъолсозии ин самт Комиссияи байниҳукуматии Ӯзбекистону Венгрия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ ва Шӯрои соҳибкорони Ӯзбекистону Венгрия, ки ҷамъомади дуюми он 3 октябри соли равон дар Будапешт баргузор гардид, нақши махсус доранд.

    Ҷонибҳо ба он чиз ақидаи ягона доранд, ки ба низоми сабукиҳои GSP+ Иттиҳоди Аврупо пазируфта шудани Ӯзбекистон барои хеле афзудан ва диверсификатсияи савдои тарафайн имкониятҳои нав фароҳам меоваранд.

    Дар рушди ҳамкориҳои Ӯзбекистону Венгрия соҳаи фарҳангӣ-инсонпарварӣ мақоми муҳим дорад. Қайд карда шуд, ки аз ҷониби Ҳукумати Венгрия қарори зиёд кардани квотаҳои ҳарсола барои донишҷӯён ва докторантҳои Ӯзбекистон бинобар хати барномаи "Хунгарикум" то ба 170 стипендия қабул карда шуд.

    Мувофиқи мақсад будани баргузории анҷумани дуюми ӯзбекистониву венгерии ректорони муассисаҳои таълими олӣ таъкид гардид.

    Сарони давлатҳо ҳамчунин доир ба масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор намуда, масъалаҳои идомаи муколамаи пуршиддат ва дастгирии мутақобила дар доираи сохторҳои бисёрҷонибаро баррасӣ намуданд.

    Дар анҷоми мулоқот Президенти Ӯзбекистон Президенти Венгрияро даъват намуд, ки дар вақти барои ӯ мувофиқ ба кишвари мо ташриф оварад.

    No date selected
    March 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates