Масъалаҳои муҳими дуҷониба ва молики аҳамияти минтақавӣ баррасӣ шуданд.
Сарони давлатҳо бо қаноатмандии амиқ қайд карданд, ки солҳои охир муносибатҳои дӯстии Ӯзбекистону Чин ба сатҳи бесобиқаи шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ баромад.
Созишномаҳое, ки дар рафти сафари давлатии Президенти Ӯзбекистон ба Чин дар моҳи январи соли 2024 ба даст омаданд, пайваста амалӣ мегарданд.
Афзоиши назарраси робитаҳо ва мубодила дар ҳама сатҳҳо қайд карда шуд.
Мулоқоти стратегии вазирони корҳои хориҷӣ роҳандозӣ гардид. Аввали моҳи июни соли равон дар шаҳри Самарқанд дуюмин Форуми минтақаҳо бомуваффақият баргузор шуд.
Ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, молиявию сармоягузорӣ босуръат рушд мекунад. Соли 2024 гардиши мол ба 14 миллиард доллар расид. Бастаи лоиҳаҳои сармоягузорӣ беш аз 60 миллиард долларро ташкил медиҳад.
Дар минтақаҳои мамлакати мо паркҳои муштараки технологӣ ва минтақаҳои махсуси саноатӣ бомуваффақият фаъолият намуда, истеҳсоли электромобилҳои “BYD” вусъат меёбад.
Дар шабакаҳои энергетикаи “сабз”, нафту газ, кимиё, дорусозӣ, металлургӣ, истихроҷи маъдан, хӯрокворӣ ва сохтмон, инчунин, дар бахшҳои логистика, кишоварзии “ҳушманд”, зеҳни сунъӣ ва рақамисозӣ лоиҳаҳои ояндадор таҳия мегарданд.
Бо ниҳодҳои молиявии пешқадами Чин ҳамкории мутақобилан судманд роҳандозӣ шудааст. Васеъ кардани платформаи сармоягузорӣ бо Хазинаи “Роҳи абрешим” дар назар аст. Бо иштироки Эксимбонки Чин сохтмони шаҳраки олимпӣ дар пойтахт ба анҷом мерасад. Дар шаҳри Тошканд филиали минтақавии ин бонк кушода шуд.
Ба масъалаҳои амиқтар кардани ҳамкориҳои минбаъда дар бахши мубориза бар зидди камбизоатӣ диққати махсус дода шуд.
Сарони давлатҳо ҳамчунин муҳимияти суръат бахшиданро ба сохтмони роҳи оҳани стратегии “Чин–Қирғизистон–Ӯзбекистон” қайд карданд.
Ба густариши мубодила дар соҳаҳои таълим, илм, сайёҳӣ ва фарҳанг, бозомӯзии кадрҳо ва омӯзиши забони чинӣ таваҷҷӯҳ зоҳир гардид.
Дар Ӯзбекистон филиали Донишгоҳи кишоварзӣ ва хоҷагии ҷангали Шимолу Ғарби Чин фаъолият дорад ва дар назди Донишгоҳи Урганч дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи Пекин Маркази байналмилалии математика таъсис дода шудааст.
Соли гузашта 20-солагии Донишкадаи Конфутсий ҷашн гирифта шуд ва низоми таълими касбии «Устохонаи Лу Бан»-и Чин ҷорӣ мегардад.
Соли оянда дар ҳар ду мамлакат гузаронидани ҳафтаҳои фарҳанг ва санъат дар назар аст.
Дар рафти мулоқот аз рӯи масъалаҳои рӯзномаи байналмилалӣ низ мубодилаи афкор намуданд. Аҳамияти идомаи ҳамоҳангсозӣ ва дастгирии мутақобила дар доираи СММ, СҲШ, формати “Осиёи Марказӣ – Чин” ва дигар сохторҳои бисёрҷониба қайд карда шуд.
Дар анҷом дар ҳузури роҳбарон эълон шуд, ки Баённома дар бораи анҷоми музокироти дуҷониба роҷеъ ба узвияти Ӯзбекистон ба СҶС имзо шудааст.