Табрики солинавӣ ба халқи Ӯзбекистон

    Шумо азизон, халқи бисёрмиллати Ӯзбекистонро бо соли нави 2025 аз таҳти дил табрик мекунам.

    Ҳамватанони муҳтарам!

    Новобаста аз вазъи мураккаб дар ҷаҳон, соли сипаришаванда барои мамлакати мо соли пурфайзу бобаракат шуд. Барои ин ҳар қадар шукрона гӯем, меарзад.

    Бо меҳнати фидокорона, фаъолии сиёсиву иҷтимоии халқи меҳнатдӯсти мо ғояи Ӯзбекистони Нав ба воқеияти аслӣ табдил меёбад.

    Интихоботи Олий Маҷлис ва шӯроҳои маҳаллӣ бори дигар тасдиқ кард, ки мо ба даври нави ислоҳоти демократӣ қадам гузоштем.

    Дар мамлакатамон маҷмааҳои нави саноатии дорои технологияи муосир, шабакаҳои инфрасохтор ва логистика, роҳҳои автомобилӣ ва оҳан бунёд гардиданд. Соҳаҳои тиҷорат, IT ва сайёҳӣ пайваста рушд мекунанд. Даромадҳои аҳолӣ ва сифати зиндагонӣ беҳтар мегардад.

    Деҳқонони миришкор ва фермерон, корманд-хидматчиёни кластерҳои мо мардона меҳнат карда, ҳосили фаровон рӯёнданд.

    Хонаву ҷой, кӯдакистону мактаб, боргоҳҳои таълими олӣ, масканҳои фарҳангӣ ва варзишии нав қад меафрозанд. Ватанамон торафт ободтар мешавад. Ҳазорон ҳамватанони мо Соли навро дар хонаҳои нав истиқбол менамоянд.

    Ҷавонони доно ва шуҷоатманд, боистеъдоди мо комёбиҳои бузургро ба даст меоранд. Бахусус, натиҷаҳои рекордӣ, ки дар Бозиҳои олимпӣ ва паралимпӣ ноил гардидем, дар таърихи варзиши миллии мо саҳифаи нав боз кард.

    Нақш ва таъсири институтҳои ҷамъияти шаҳрвандӣ, бахусус, маҳалла пурзӯр мешавад. Равандҳои рушди маънавӣ дар ҳаёти мо ба неруи нав, ҳаракати нав табдил меёбанд.

    Ташаббусҳои дорои аҳамияти ҷаҳонии мо аз тарафи ҷомеаи ҷаҳон дастгирӣ мешаванд. Дар майдони байналмилалӣ обрӯву эътибори Ӯзбекистон чун мамлакати рақобатпазир, ҳамкори боэътимод боло меравад.

    Бешубҳа, ин ҳама натиҷаи барқарорӣ, дӯстӣ ва ҳамҷиҳатӣ дар кишварамон мебошад.

    Дар ин шаби пуршукӯҳ ба Шумо, азизон, ба мардуми олиҷаноб ва бунёдкорамон барои меҳнати ҳалол, садоқат ба Модар-Ватан миннатдории самимона изҳор мекунам.

    Дӯстони азиз!

    Мо соли 2025-ро дар мамлакатамон Соли ҳифзи муҳити зист ва иқтисодиёти “сабз” номидем. Мақсади асосии мо созмони системае мебошад, ки ба мувозинати инсон ва табиат асос ёфтааст.

    Дар соли нав барои тиҷорат имкониятҳои васеътар фароҳам мегардад. Корҳоро ҷиҳати таъмини дахлнопазирии амволи хусусӣ, ҷалби фаъоли сармояҳои хориҷӣ қатъӣ давом медиҳем.

    Соҳаҳои иҷтимоӣ, зиёд кардани музди меҳнат, нафақа ва стипендия, кӯмакпулиҳо дар маркази таваҷҷӯҳи мо қарор мегиранд.

    Барои соҳиби дониш ва касбу ҳунари замонавӣ гардидани фарзандонамон, баркамол тарбия ёфтани онҳо тамоми неру ва имкониятҳои худро сафарбар мекунем.

    Эътибор ба соҳаҳои илму фан, таълим, ҳифзи тандурустӣ, фарҳангу санъат, варзиш боз ҳам пурзӯр мешавад.

    Ғамхорӣ барои собиқадорони муҳтарам, занону духтарон ва ҷавонон, баланд бардоштани самаранокии ҳифзи иҷтимоӣ вазифаи устувори мо мегардад.

    Корҳоро бобати мустаҳкамсозии салоҳияти Қувваҳои Мусаллаҳ, дастгирии хидматчиёни ҳарбӣ ва аъзои оилаи онҳо ба зинаи нав мебарорем.

    Мухтасар гӯем, мақсади олиҷаноби “Барои қадри инсон, барои бахти инсон”-ро ҳама якҷоя амалӣ менамоем.

    Ҳамватанони азизу муҳтарам!

    Ҳамаи Шумо, ҳамватанони бурунмарзиро, ҳамкор ва дӯстони хориҷиро бо ин иди накӯ боз як бор аз таҳти дил табрик мекунам.

    Соли нав ба ҳар як инсон, ба ҳар як хонавода, ватани ҷоноҷонамон комёбӣ ва муваффақиятҳои бузург биёварад.

    Ҳама ниятҳои накӯямон иҷобат гардад.

    Соли нав барои ҳамаи мо муборак бошад!

    Шавкат МИРЗИЁЕВ,

    Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон


    No date selected
    January 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates