Табрик ба мардуми Ӯзбекистон ба муносибати иди Рамазон

    Ҳукумат 1 May 2022 3783

    Ҳамватанони муҳтарам! Шумо, тамоми мусулмонони мамлакат, тамоми халқамонро бо иди шарифи Рамазон – Ид-ал-фитр самимона аз таҳти дил табрик намуда, ба ҳамаатон эҳтироми амиқ ва таманноҳои беҳтарин изҳор менамоям.

    Дар ин рӯзҳои шариф ва дурахшон, вақте ки қалбҳоямон аз хушӣ лабрез мегардад, мо пеш аз ҳама Офаридгорро барои он ки ин ҷашни муқаддасро дар фазои сулҳу дӯстӣ ва мусолиҳа, дар давраи хонаводаи худ, якҷоя бо тамоми мардумамон пешвоз мегирем, шукрона мегӯем.

    Хурсандиовар аст, ки ин ҷашн, ки онро мардумамон дар тӯли садсолаҳо чун арзиши маънавии бузург, рамзи некӣ, шафқат ва инсонпарварӣ қадр менамояд, дар ҳаёти ҷамъиятамон ҷойгоҳи ҳарчи мустаҳкамтар ишғол менамояд.

    Соли ҷорӣ иди Рамазон дар замони таърихӣ фаро мерасад. Дар асоси татбиқи Стратегияи рушди Ӯзбекистони Нав, ки дар худ ғояи «Барои гиромидошт ва шарафи инсон»-ро таҷассум менамояд, ислоҳоти доманфарохамон ба дараҷаи боз ҳам баланд мебарояд.
    Тавре ки маълум аст, иди Рамазон мардумонро барои дар фазои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум, мусолиҳа ва ҳамкорӣ зистан ҳидоят менамояд, ки ин зуҳури дурахшони баланд бардоштани шаъну шарафи инсон аст.

    Бешубҳа, ин ҳама аз ҷумла бо таъмини ҳуқуқ ва манфиатҳои инсон дар ҷанбаи дин иртибот дорад. Солҳои охир дар мамлакат ҷиҳати эҳёи арзишҳои динӣ, омӯзиши мероси ғании илмиву маънавии халқамон корҳои бузург анҷом дода мешавад. Аз он ҷумла, ободонии чунин маконҳои муқаддас мисли қабрҳои ҳафт пири бузурги суфӣ дар Бухоро, мақбараи Имом Тирмизӣ дар вилояти Сурхондарё, маҷмӯъҳои ёдгории Абулмуин Насафӣ дар Қашқадарё ва Зангиато дар вилояти Тошканд, Султон Увайси Қаранӣ дар Намангон ва Сузукота дар шаҳри Тошканд чун далели равшани он аст.
    Ҳоло ҳозир чун идомаи мантиқии корҳои некамон дар бобати сохтмон ва ободонӣ дар мадрасаи олии Мири Араби Бухоро, маҷмӯи ёдгории Имом Бухорӣ дар Самарқанд, Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд давом дорад.

    Ҳамватанони муҳтарам!

    Гунае, ки медонед, бинобар пандемияи коронавирус баъзе маҳдудиятҳо барои зиёрат, ҳаҷ ва умра маҳдуд гардида буд. Ба туфайли чорабиниҳое, ки андешида шуд, мо аз моҳи январи соли ҷорӣ зиёрати умраро барои шаҳрвандонамон барқарор намудем. Дар натиҷа дар муддати кӯтоҳи гузашта қариб 35 ҳазор нафар ҳамватанонамон тавонистанд тавофи ҳаҷро анҷом диҳанд.

    Аз иттилоъ расондан бахтиёр ҳастам, ки соли ҷорӣ инчунин имкони анҷом додани ҳаҷи муқаддас ба вуҷуд омад.

    Воқеан ин боз як марҳамати Офаридгор ба ҳамватанонамон мебошад, ки бо шуҷоат ва бурдборӣ тамоми машаққат ва озмоишҳоро пушти сар намуданд.

    Дӯстони азиз!

    Имрӯз ҳамаи мо мебинем, ки дар ҷаҳон вазъият чӣ гуна зуд тағйир меёбад. Дар баъзе минтақаҳо низоъ ва муқовиматҳо зуд аланга мегиранд, ки баъдан онҳо барои сулҳ ва бехатарӣ хатари ҷиддӣ мегарданд. Ҳамаи ин дар назди мо вазифаҳои муҳим гузошта, даъват менамояд, ки ҳамеша ҳушёр ва баэътибор бошем.

    Дини муқаддаси мо даъват менамояд, ки мусулмони ҳақиқӣ бояд ҳамеша ба ҳар гуна озмоиш омода бошад ва инсонҳое, ки бо кирдори пок корҳои некро анҷом медиҳанд, албатта аз марҳамати илоҳӣ баҳраманд мегарданд.

    Ба ин маънӣ тақозои имрӯз дар мамлакат мустаҳкам намудани суботнокӣ, фазои эҳтиром ва мусолиҳа, ба арзишҳои миллии қадима ва куҳнанашаванда такя намуда, қатъиян пеш рафтан ба сӯи тараққиёт мебошад.

    Мо бояд ҷавононеро тарбия намоем, ки умед ва ояндаи мо бошанд, дар асоси чунин сифатҳои мутаносиб аз лиҳози маънавӣ комил, қодири рақобат дар арсаи байналхалқӣ бошанд.

    Танҳо бо чунин мақсадҳои дақиқ, ба шарофати ҷустуҷӯи ҳамешагӣ ва кӯшиш ба навгонӣ мо имрӯз нисбат ба дирӯз ба беҳтарин натиҷаҳо ноил гардида, фардо нисбат ба имрӯз боз ҳам натиҷаҳои баландро ба даст оварда, ҳаёти обод ва шукуфонро эҷод намоем.

    Мо ҳамеша дар ёд дошта бошем, ки сармояи бузург дар ҷаҳон, ки ҳеҷ гоҳ арзиши худро аз даст намедиҳад, дониш ва тарбия ба шумор меравад.


    Анъанаҳои ғании миллии худ ва таҷрибаи муосири соҳаи таълими давлатҳои пешқадамро босамар истифода намуда, мо албатта ба қуллаҳои баланди муқаррарнамудаамон ноил мегардем.

    Аз фурсат истифода намуда, тамоми мусалмонони хориҷии наздику дурро бо иди Рамазон табрик намуда, ба онҳо сулҳ, пешрафт ва шукуфоӣ орзу менамоем.

    Ҳамватанони азиз!

    Барои пурмазмун гузарондани ин рӯзҳои шариф дар ҳузури оила, маҳалла, шаҳр ва деҳот ба муносибати иди Рамазон дар мамлакат рӯзҳои истироҳат эълон гаштааст. Ин имконияти хуб аст, ки рӯзҳои ид падару модарон, онҳоеро, ки ба дастгирӣ эҳтиёҷ доранд, аёдат намуда, бо шахсони наздик меҳрубонӣ намоем.

    Боварӣ дорам, ки шаҳрвандонамон дар ин корҳо, ки ба минбаъд беҳтар намудани муҳити иҷтимоиву маънавӣ дар ҷамъият, ҳамдастӣ бо ҳама, пеш аз ҳама бо ҷавонон дар масъалаи ишғол намудани ҷойгоҳи муносиб дар ҳаёт фаъолона ширкат хоҳанд кард.

    Бори дигар аз таҳти дил, шумо тамоми халқамонро бо иди муқаддаси Рамазон, ки дар мамлакат васеъ ҷашн мегардад, табрик менамоям, ба ҳамаатон сулҳ, хушбахтӣ ва тандурустӣ, ба хонаводаҳоятон фаровонӣ ва фараҳмандӣ таманно дорам.

    Бигзор ин ҷашни олиҷаноб қалбҳоямонро мунаввар созад!

    Бигзор осмони Ватанамон осуда, ҳаёти халқамон шукуфон бошад!

    Шавкат МИРЗИЁЕВ,

    Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон

    No date selected
    March 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates