Се сол боз дар Ӯзбекистон чемпионатҳои ҷаҳон аз рӯи намудҳои оммавитарини спорт гузаронда мешаванд. Имсол низ истисно нахоҳад буд, зеро маҳз дар кишвари мо чемпионати ҷаҳон оид ба қаиқронӣ дар байдарка ва каноэ байни калонсолон баргузор мешавад.
Бояд тазаккур дод, ки ин мусобиқа пас аз анҷоми Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж-2024 баргузор шуда, барои гирифтани медалҳо дар масофаҳои ғайриолимпӣ қувва озмуда мешавад.