Дар оғози маросим бозигарони тими миллии Ӯзбекистон дар майдон саф оростанд.

Роҳбари давлат ҳамватанони дар варзишгоҳ ҷамъомада, мухлисони футбол, аъзои тими миллӣ, ҳайати мураббиён ва намояндагони ҷомеаи варзиширо бо иди бузурги футбол табрик гуфт.

Қайд гардид, ки имрӯз барои футболи ӯзбек боз як санаи таърихӣ аст ва тими миллӣ бо умедҳои бузург ва орзуҳои нек ба чемпионати ҷаҳон, ки дар майдонҳои ИМА, Мексика ва Канада баргузор мешавад, гусел карда мешавад.

Президент таъкид намуд, ки футболбозони мо ба кишвар лаҳзаҳои фаромӯшнашаванда ҳадя карданд ва аз номи тамоми мардум ба онҳо, падару модароне, ки онҳоро тарбия кардаанд, устодону мураббиён ва ҳамаи аъзои тими миллӣ изҳори сипоси амиқ намуд.

Дар ҷараёни маросим муҳаббат ва садоқати мухлисони футбол нисбат ба тими миллӣ махсус таъкид шуд. Президент ба ҳамватаноне, ки ҳам дар рӯзҳои пирӯзӣ ва ҳам дар давраҳои душвор ҳамеша паҳлуи футболбозон буданд ва онҳоро дастгирӣ мекарданд, изҳори миннатдорӣ кард.

Ҳамчунин фаъолияти клубҳои мухлисон алоҳида зикр гардид. Тавре таъкид шуд, онҳо на танҳо аз минбарҳо бозиҳои тими миллиро тамошо мекунанд, балки дар ҳар рақобат нақши “бозигари дувоздаҳум”-ро иҷро намуда, ба бозӣ рангу рӯҳи хос мебахшанд. Роҳбари давлат изҳори итминон намуд, ки дар чемпионати ҷаҳон онҳо ҳамроҳ бо ҳазорон ҳамватани муқими Ӯзбекистон ва хориҷи кишвар футболбозони моро дастгирӣ хоҳанд кард.

Президент қайд кард, ки имрӯз футбол дар кишвари мо ба дӯсти ҳақиқии ҳар як оила табдил ёфтааст. Итминон изҳор гардид, ки дар оянда аз байни насли наврас, ки аз муваффақиятҳои варзишгарон илҳом мегирад, қаҳрамонҳои нав ба воя хоҳанд расид.

Зикр шуд, ки таваҷҷуҳи зиёд ба варзиш дар Ӯзбекистони Нав дар солҳои охир, сохтмони иншооти бузурги варзишӣ дар ҳар минтақа, таъсиси академияҳои касбии футбол дар маҳалҳо, инчунин оғози фаъолияти Маркази миллии футбол барои дастовардҳои нави ҷавонон заминаи мустаҳкам фароҳам меорад.

Ҳамчунин таъкид гардид, ки соли гузашта дар пойтахт сохтмони шаҳраки олимпӣ бо масоҳати зиёда аз 100 гектар ва панҷ маҷмааи бузурги варзишӣ ба анҷом расид. Дар Тошканди Нав бошад, варзишгоҳи муҳташами дорои 55 ҳазор ҷойи нишаст, ки пурра ба стандартҳои FIFA мутобиқ аст, бунёд мешавад. Чунин иншооти муосир имкон медиҳанд, ки дар кишвар мусобиқаҳои бонуфузи байналмилалӣ баргузор шуда, барои варзишгарони мо дар роҳи расидан ба пирӯзиҳои нав ҳавасмандии бештар бахшанд.

Сарвари давлат ба аъзои тими миллӣ муроҷиат карда, таъкид сохт, ки мардум онҳоро ба форуми бузурги футбол бо орзуҳои нек ва умеди калон гусел мекунанд. Қайд гардид, ки дар пеш бозиҳои муҳим бо тимҳои Португалия, Колумбия ва Конго қарор доранд ва футболбозон бояд бо боварӣ, фидокории комил ва иродаи қавӣ ба майдон бароянд.

Дар хотир доред, ки мо ҳамеша бо шумо ҳастем. Мо бовар дорем, ки шумо бо шуҷоат, матонат ва иродаи хоси мардуми мо бозии зебо ва боэътимод нишон дода, ҳамаи моро шод мегардонед, гуфт Президент.

Дар анҷоми суханронӣ Суруди миллии Ҷумҳурии Ӯзбекистон садо дод.

Президент Шавкат Мирзиёев бо аъзои тими миллии Ӯзбекистон акси хотиравӣ гирифт.

Барномаи консертӣ намоиш дода шуд. Дар анҷоми чорабинӣ бозии назоратии тими миллӣ баргузор шуд.