Маросими расмии истиқболи Президенти Ӯзбекистон баргузор шуд

    Маросими расмии истиқболи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, ки бо сафари давлатӣ дар Муғулистон қарор дорад, баргузор гардид.

    Сарвари кишвари мо ва ҳамсарашро Президенти Муғулистон Ухнаагийн Хурэлсух бо ҳамсараш истиқбол гирифтанд.

    Дар майдони Сухэ-Батор барои меҳмони олӣ қаровули фахрӣ саф кашид.

    Суруди миллии ҳарду кишвар аз ҷониби оркестри низомӣ иҷро шуд.

    Сарони давлатҳо аз назди қаровули фахрӣ гузашта, аъзои ҳайатҳои расмиро хайрамақдам гуфтанд.

    Баъд аз маросим Президенти Ӯзбекистон дар Китоби меҳмонони фахрии Қасри давлатии Муғулистон қайд гузошт.

    Пас аз суратгирии якҷоя музокироти сатҳи олӣ оғоз ёфт.


    No date selected
    July 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates