Аз боғҳои Паркент — ба бозорҳои ҷаҳонӣ

    Президент Шавкат Мирзиёев бо ҳосили тару тоза дар яке аз боғҳои интенсивии ноҳияи Паркент шинос шуд.

    Дар қитъаи 54 гектар, ки ба корхонаи «Meridian Tempo» тааллуқ дорад, навъҳои содиротии гелос, себ, нок ва малина парвариш меёбанд. Ниҳолҳо аз Фаронса ва Испания ворид карда шудаанд. Хусусияти ин дарахтон дар он аст, ки онҳо худгардолуд шуда, ҳосили баланд медиҳанд.

    Дар боғ низоми агротехнологии муосири обёрии қатрагӣ ҷорӣ гардидааст. Об аввал дар ҳавзи махсус ҷамъ шуда, сипас бо истифода аз нишеби табиии замин ба таври худҷорӣ ба растаниҳо расонда мешавад. Ин имкон медиҳад, ки истеъмоли нерӯи барқ коҳиш ёфта, арзиши аслии маҳсулот паст карда шавад. Ғайр аз ин, дар боғ панелҳои офтобӣ насб шудаанд, ки фаъолияти хоҷагиро боз ҳам самараноктар мегардонанд.

    Ҳосил ба содирот равона карда мешавад. Имсол ҷамъоварии 256 тонна гелос, 500 тонна себ, 480 тонна нок ва 30 тонна малина дар назар аст. Хусусан муҳим аст, ки даромади чунин боғ аз фоидаи зироатҳои анъанавии кишоварзӣ чанд маротиба бештар мебошад.

    Сарвари давлат ҷиҳати густариши чунин усулҳои интенсивӣ, ҷорӣ намудани таҷрибаи пешрафтаи хориҷӣ дар нигоҳубини дарахтони мевадиҳанда, инчунин дар банду баст ва омода намудани маҳсулот барои содирот супоришот дод.

    No date selected
    December 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates