Сохтмони роҳи оҳан то Паркент ба рушди ноҳия такони нав мебахшад

    Сиёсат 18 Iyun 2025 1869

    Президент Шавкат Мирзиёев ба мақсади шинос шудан бо шароити зиндагии аҳолӣ, ҷараёни рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва татбиқи лоиҳаҳои нави инфрасохторӣ ба ноҳияи Паркенти вилояти Тошканд ташриф овард. Аввалин нуқтаи боздиди Президент — маҷмааи нави истиқоматии «Паркентсой» гардид.

    Рушди минтақаҳо дар асоси нуқтаҳои афзоиш ва фароҳам овардани шароити шоистаи зиндагӣ барои аҳолӣ яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ ба шумор меравад. Ин тамоюлҳо ба таври возеҳ дар дигаргуниҳое, ки дар ноҳияи Паркент амалӣ мешаванд, татбиқ мегарданд.

    Мавзеи истиқоматие, ки дар соҳили ҷӯйи Паркентсой, ки аз маркази ноҳия мегузарад, бунёд мешавад, барҳақ экошаҳрак номида мешавад. Дар масоҳати 6 гектар сохтмони 125 бинои бисёрқабата ба нақша гирифта шудааст, ки дар маҷмӯъ дорои 5200 хонаи истиқоматӣ хоҳад буд. Ҳамаи биноҳо бо шабакаҳои муҳандисии муосир ва технологияҳои сарфакоронаи энергетикӣ таъмин мегарданд. Аз ҷумла, дар боми хонаҳо геоколлекторҳо насб карда мешаванд, ки имкон медиҳанд манбаъҳои барқароршавандаи энергия барои гармкунии об истифода шаванд.

    Чунин маҷмааҳо барои минтақаҳои сернуфус бисёр мувофиқ мебошанд: онҳо бо манзили босифат, бароҳат ва ҳамзамон дастрас аҳолиро таъмин мекунанд.

    Дар доираи ин лоиҳа инчунин сохтмони ду мактаб, ҳашт кӯдакистон, майдончаҳои бозӣ ва варзиш, боғи 10-гектара, кӯли сунъӣ, мавзеъҳои истироҳатӣ ва роҳҳои велосипедронӣ пешбинӣ шудааст. Инфрасохтори роҳ аз ҳисоби таъмири 17 километр роҳҳои автомобилгард тақвият дода мешавад.

    Илова бар ин, маҷмааи нави истиқоматӣ на танҳо барои зиндагии бароҳат, балки барои рушди соҳибкорӣ низ шароити мусоид фароҳам меорад. Дар ин ҷо сохтмони 58 бинои ғайриистиқоматӣ ба нақша гирифта шудааст, ки дар онҳо марказҳои савдо ва хизматрасонӣ ҷойгир мешаванд. Тибқи ҳисобҳо, зиёда аз 700 ҷойи нави корӣ таъсис дода мешавад.

    Президент ҳамчунин бо тақдимоти лоиҳаи рушди пешомадноки ноҳия шинос шуд. Яке аз лоиҳаҳои калидӣ сохтмони роҳи оҳани электриконидашудаи «Байтқӯрғон — Паркент» мебошад. Айни замон тақрибан 24 километр роҳи оҳан гузаронида шудааст. Баъди ба истифода додани ин хат, дастрасӣ ба гӯшаҳои зебои ноҳия осон мешавад ва ҷараёни сайёҳӣ ба таври чашмрас афзоиш меёбад. Тибқи пешгӯӣ, дар як шабонарӯз то 275 ҳазор мусофир метавонанд аз ин масир истифода баранд.

    Дар бораи ободсозии маҷрои оби Паркентсой ва мустаҳкам кардани соҳилҳои он низ маълумот пешниҳод шуд. Дар марҳилаи аввал, 4 километр маҷрои ҷӯй пурра бетонӣ карда шуд, ки барои татбиқи лоиҳаҳои нави сохтмонӣ замина фароҳам овард. Дар канори ҷӯй роҳи автомобилгарди 5-километрае сохта шудааст, ки бо хати асосии ноҳияи Паркент параллел мегузарад ва метавонад то 10 ҳазор мошинро дар як шабонарӯз қабул кунад. Ин ба коҳиши шиддати нақлиёт дар марказ ва кам кардани сатҳи бандшавии роҳҳо мусоидат хоҳад кард. Ҳамчунин тротуарҳо, гузаргоҳ ва пул низ сохта шудаанд.

    Дар марҳилаи дуюм, ободонии маҷрои ҷӯй то деҳаи Кумушкон ва таъсиси объектҳои сайёҳӣ дар масоҳати иловагии 100 гектар ба нақша гирифта шудааст.

    Президент дастур дод, ки ҳамаи лоиҳаҳои пешниҳодшуда бо назардошти таҷрибаи пешрафтаи шаҳрсозӣ ва талаботи муосир оид ба рушди устувор бозбинӣ ва такмил дода шаванд.

    Дар ҷараёни боздид Шавкат Мирзиёев бо фаъолони ноҳия мулоқот анҷом дод.

    – Бузургтарин неъмати мо сулҳу субот дар кишвар аст, – таъкид намуд Президент. – Дар куҷое ки субот ҳаст, рушду созандагӣ низ хоҳад буд. Мо тамоми сохторҳои давлатиро сафарбар карда, иқтидори ҳар як минтақа ва ноҳияро мекушоем ва ба рушди ҳамоҳанги тамоми қаламравҳо кӯшиш мекунем. Ман шодам, ки нафаси ислоҳот то ба Паркент расидааст ва натиҷаҳои дигаргуниҳо дар ин ҷо аллакай эҳсосшавандаанд. Мардумамон сазовори он ҳастанд, ки дар шароити муосир, бароҳат ва фаровон зиндагӣ кунанд.

    Пирони рӯзгордида дар бораи имкониятҳои фарохе, ки барои рушди ноҳия фароҳам оварда мешаванд ва тағйироте, ки дар ҳаёти мардум ба вуқӯъ мепайванданд, нақл карданд.

    No date selected
    December 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates