Иқтидори сайёҳии Паркент баланд мегардад

    Дар доираи сафари худ ба ноҳияи Паркент Президент Шавкат Мирзиёев бо маҷмааи сайёҳӣ дар қуллаи “Олтин бел” ва як қатор лоиҳаҳои нав шинос шуд.

    Дар қитъаи се гектари домани кӯҳ маҷмааи муосири меҳмонхона сохта шудааст. Ҳоло дар ин ҷо ду меҳмонхона бо гунҷоиши 188 нафар, хонаҳои хурди капсулагӣ, тарабхона ва иншооти хоҷагидорӣ фаъолият доранд. Дар марҳилаи навбатӣ сохтмони боз 20 хонаи ба ин монанд ба нақша гирифта шудааст.

    Президент бо шароите, ки барои истироҳаткунандагон дар меҳмонхона фароҳам оварда шудаанд, шинос гардид.

    Умуман, барои рушди соҳаи сайёҳӣ дар минтақа татбиқи 52 лоиҳа ба маблағи 1,8 миллиард доллар дар назар аст. Дар натиҷа, 3 300 ҷойи нави корӣ таъсис дода мешавад ва иншооти сайёҳӣ ҳар сол то 1 миллион меҳмонро қабул карда метавонанд.

    Кӯҳҳои барфпӯши Паркент имкони татбиқи лоиҳаи бузурги дигарро фароҳам меоранд — сохтмони курорти лижаронӣ дар масоҳати 1 200 гектар бо иштироки ширкати австриягӣ.

    Ба Сарвари давлат дар бораи ин лоиҳа маълумот пешниҳод шуд. Дар доираи он бунёди меҳмонхонаҳои се, чор ва панҷситорадор, роҳҳои лижаронӣ, баркашандаҳо (подъёмникҳо), шалеҳо, мавзеъҳои пикник, тарабхонаҳо ва маҷмааҳои саломатӣ пешбинӣ шудааст.

    Лоиҳа дар се марҳила амалӣ шуда, пас аз анҷоми он, то 15 ҳазор меҳмонро дар як рӯз қабул карда метавонад. Тақрибан 600 иншооти хизматрасонӣ таъсис меёбад. Бо дарназардошти хизматрасониҳои мавсимӣ шумораи умумии ҷойҳои нави корӣ то 10 ҳазорро ташкил хоҳад дод.

    Ин курорт интизор меравад, ки яке аз бузургтарин марказҳои сайёҳии вилояти Тошкент — ҳамқадами маҷмааи машҳури «Амирсой» дар ноҳияи Бостанлиқ гардад.

    Ҳангоми мулоқот бо мутахассисон чораҳо оид ба такмили лоиҳа, васеъ намудани доираи хизматрасониҳо ва суръат бахшидан ба корҳои сохтмонӣ баррасӣ шуданд.

    No date selected
    July 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates