Ўзбекистон – Корея: низоми иттилоотии фаъолияти парлумон инкишоф меёбад

    Раиси Сенати Олий Маҷлис Танзила Норбоева ҳайатро таҳти роҳбарии президенти Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷумҳурии Корея (KOIKA) Чанг Вон Сам ба ҳузур пазируфт.

    Зимни суҳбат таъкид гардид, ки ба шарофати иродаи сиёсии президентҳои ду кишвар ҳамкориҳои дарозмуддати Ӯзбекистон ва Кореяи Ҷанубӣ ба сатҳи шарикии стратегӣ боло рафтааст.

    Таъкид гардид, ки нақши Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Корея дар рушд ва таҳкими робитаҳои мутақобила аҳамияти хоса дорад.

    Зимни мулоқот доир ба идомаи барномаҳои маориф, тандурустӣ, идоракунии захираҳои об ва ҷалби сармоя дар оянда табодули афкор сурат гирифт.

    Инчунин бо Агентӣ оид ба рушди минбаъдаи низоми иттилоотӣ дар фаъолияти парлумон протокол оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид.


    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates