Лого Лого-пв-уз

    Барои рушди пахтакорӣ ва соҳаи бофандагӣ имкониятҳои нав муайян гардиданд

    Ҳукумат 28 Iyun 2022 2861

    Зери раисии Президент Шавкат Мирзиёев 28 июн ҷамъомади видеоселекторӣ доир ба чорабиниҳои баланд бардоштани ҳосилнокии пахта ва афзудани содироти маҳсулоти бофандагӣ баргузор гардид.

    Соҳаи саноати бофандагӣ барои таъминоти содирот ва шуғл зарфияти калонро молик аст.

    Аз ин рӯ бо ташаббуси Президент дар соҳа пурра низоми кластер татбиқ гаштааст. Дар се соли охир барои кластерҳои пахтаву бофандагӣ беш аз 23 триллион сӯм захираи имтиёзнок ҷудо карда шудааст. Ғайр аз ин, онҳо қариб 7 триллион сӯм маблағи худро сармоягузорӣ намуданд.

    Дар натиҷа қариб 350 фабрикаи калон ба баҳрабардорӣ супурда шуд. Ҳаҷми истеҳсолот дар муқоиса бо соли 2016 5 баробар афзуд, содирот 4 баробар зиёд гардида, қариб ба 3 миллиард доллар расид.

    Агар панҷ сол пеш танҳо 40 фоизи нахи пахтаи дар мамлакат тайёршуда аз нав кор карда шавад, имрӯз ин рақам ба 100 фоиз расидааст.

    Иқтидорҳои азнавкоркард ба 1,3 миллион тонна расид. Аммо дар амал 1 миллион тонна нах истеҳсол мегардад. Бо суханони дигар ифода намоем, 300 ҳазор тонна намерасад. Интизор меравад, ки дар зарфи панҷ соли оянда норасоӣ боз ба 600 ҳазор тонна меафзояд.

    Дараҷаи табдили калоба ба маҳсулоти тайёр инчунин паст, яъне 23 фоиз аст. Ин маънои онро дорад, ки ҳар сол имкони ба даст овардани 9 миллиард доллар даромад аз даст меравад.

    Имрӯз дар саноати бофандагӣ 400 ҳазор нафар кор мекунанд. Агар тамоми низомро дар асоси бархурди илмӣ ва технологияи замонавӣ дуруст ташкил намоем, теъдоди ҷойҳои корро то 1 миллион зиёд намудан мумкин аст, таъкид гардид дар ҷамъомад.

    Бинобар ин имконоти баланд бардоштани ҳосилнокии пахта дар асоси илман асоснок намудани тухмипарварӣ ва агротехнология, дучанд намудани содироти соҳа аз ҳисоби азнавкоркарди амиқи ашё муҳокима гардид.

    Барои ин, дар навбати аввал, дастрасии собит ба ашёи сифатнок зарур мебошад. Навъҳои пахта бо ҳосилнокии то 100 сентнер, ки аз ҷониби олимонамон ба вуҷуд оварда шудааст, то пахтакорон намерасад.

    Он нукта, ки дар солҳои охир ҳарорати шаб ва рӯз баробар гардид, хелҳои нави ҳашароти зараркунанда паҳн мегарданд, кашф намудани навъҳоеро тақозо менамояд, ки ба ин шароит тоқатоваранд. Усулҳои порудиҳии пахтаро дигар бояд кард, истифодаи гербисид ва пестисидҳоро ба тартиб бояд андохт.

    Аз ин рӯ, роҳбари давлат дар назди Президент ба вуҷуд овардани Шӯрои пахтакориро бо роҳбарии вазири рушди инноватсионӣ пешниҳод намуд.

    Ин шӯро ҳар сол нумӯъ ва коштани навъҳои серҳосил ва зудпазро бинобар минтақаҳо ва кластерҳо муайян менамояд, схемаи порудиҳиро тайёр мекунад, ки ба тағйироти иқлим ва ҳарорат мутобиқанд, истифодаи гербисид ва пестисидҳоро ба танзим медарорад. Инчунин усулҳои муносиби агротехнологии ба ҳар як минтақа муносиб барои мубориза бар зидди ҳашароти зараркунанда таҳия карда мешавад. Бо ин мақсадҳо дар назди шӯро маркази илмӣ таъсис меёбад.

    Президент таъкид кард, ки дар ҳар як кластер лабораторияи тухмӣ, хок ва биологӣ ва инчунин сехи омодакунандаи тухмӣ бояд вуҷуд дошта бошанд.

    Масъалаи сарфаи об ба миён омад. Дар ду соли охир усули обшорсозӣ дар 169 ҳазор гектар майдони пахтаи мамлакат татбиқ гаштааст. Аммо бисёр кластерҳо, хусусан фермерон, ҳангоми татбиқи ин технология бо машаққатҳо дучор мегарданд, аз он ҷумла ба сабаби харҷи зиёд.

    Таъкид шуд, ки дар сурати рақобати озод дар соҳа ва бархурди илмӣ харҷро барои татбиқи обшорсозӣ дар ҳар гектар то 15-20 миллион сӯм кам кардан мумкин аст. Аз ин рӯ, вазифаи дар портали махсуси электронӣ дохил намудани тамоми гузорандагони технологияи сарфакунандаи об, ба вуҷуд овардани низоми шаффоф гузошта шуд, ки нархи технологияи сарфакунандаи об ва сифати хидматро муайян мекунад.

    Муайян карда шуд, ки кафолатҳои ҳуқуқии фаъолияти кластерҳо пурзӯр карда шуда, дар як ноҳия ташкили на бештар аз ду кластер мумкин мегардад.

    Дар ҷамъомад масъалаҳои афзудани истеҳсолот ва содироти маҳсулоти тайёр муҳокима гардиданд. Бинобар ин ба вуҷуд овардани минтақаҳои алоҳидаи саноатӣ бо шароити васеъ барои соҳибкорон ба нақша гирифта шудааст. Ба Вазорати сармоя ва савдои хориҷӣ вазифаи ба истеҳсолот ҷалб намудани ширкатҳои хориҷӣ ва брендҳои машҳур супурда шуд.

    – Пас аз бекор шудани байкот ба пахтаи мо ширкатҳои хориҷӣ барои ҳамкорӣ намудан бо корхонаҳои маҳаллӣ, ба маҳсулотамон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир менамоянд. Агар ба минтақаҳоямон брендҳо оварда нашаванд,  рақобати маҳсулоти ватанӣ дар бозори ҷаҳон мушкил мегардад, – гуфт Шавкат Мирзиёев.

    Таъкид шуд, ки ба содиркунандагони маҳсулоти нассоҷӣ ва матоъи ранга дар ҳаҷми то 10 фоиз субсид дода шуда, ҳамчунин авиарейсҳои алоҳида барои бурдани маҳсулоти тайёр ба брендҳои хориҷӣ пешниҳод мегардад. Дар бобати ташкили истеҳсоли фурнитура ва аксессуарҳо барои брендҳо вазифа гузошта шуд.

    Дар бобати минбаъд васеъ намудани механизмҳои дастгирии корхонаҳои бофандагӣ чорабиниҳо муайян гардиданд. Аз он ҷумла, Агентии рағбатнок намудани содирот барои корхонаҳои содиркунанда дар ҳаҷми то 5 миллион доллар барои сарпур намудани маблағи табодулӣ захира ҷудо мекунад. Ҳадди майдони анборҳо дар хориҷа, ки харҷи иҷораи онҳо бояд ҷуброн карда шавад, аз 100 то 500 метри мураббаъ меафзояд. Ба ин мақсадҳо ба агентии мазкур 100 миллион доллар ҷудо карда мешавад.

    Роҳбари давлат ногузирии ба стандартҳои байналхалқии ҳисоботи молиявӣ гузаштани корхонаҳои бофандагиро таъкид намуд.

    – Ин барои ба бозорҳои ҷаҳон баромадан, ҳамкорӣ бо брендҳои хориҷӣ ва ҷалби кредитҳои бевосита роҳ мекушояд, – гуфт Президент.

    Инчунин чорабиниҳо доир ба бетанаффус таъмин намудани корхонаҳои бофандагӣ бо ашёи хом муайян карда шуданд. Дар заминаи мунтазам ба биржа баровардани нахи пахта ва калоба, такомули низоми ҳисобу китоби онҳо тавсияҳо дода шуд.

    Таъкид шуд, ки барои соҳа мудирияти андоз ва гумрук сода гардонда, аз он ҷумла, тартиби азнавкоркарди ашёи хом дар ҳудуди гумрук сода карда мешавад.

    Ба масъалаи тарбияи кадрҳо эътибори алоҳида нигаронда шуд. Донишкадаи бофандагӣ ва саноати сабук ва Технопарки бофандагии Ӯзбекистону Куриё муттаҳид гардонда шуда, аз соли хониши нав ба донишкада низоми таълими дуалӣ татбиқ гардонда мешавад.

    Аз рӯи масъалаҳое, ки дар ҷамъомад муҳокима гардиданд, фикрҳои ҷонишинони Сарвазир, шахсони масъули соҳа, ҳокимон ва соҳибкорон шунида шуд.

    No date selected
    August 2022
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates