Муовини якуми вазири корҳои хориҷӣ бо сафири Ҷопон мулоқот анҷом дод

    8 феврали соли 2023 муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Фурқат Сидиқов сафири Фавкулода ва Мухтори Япония дар мамлакати мо Такаши Хаториро кабул кард.

    Дар мулоқот ҷанбаҳои амалии ҳамкориҳои Ӯзбекистону Ҷопон дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ-иқтисодӣ, маориф, фарҳангу гуманитарӣ ва амиқтар кардани дипломатияи иқтисодӣ баррасӣ шуд.

    Аҳамияти талошҳои дуҷониба ҷиҳати дарёфти роҳу имконоти нави рушди тиҷорат, афзоиши содирот ва ҳамкориҳои сармоягузорӣ қайд карда шуд. Сафир таваҷҷуҳи афзояндаи соҳибкорони Ҷопонро ба роҳандозии робитаҳои тиҷоратӣ бо шарикони ӯзбек эълон кард.

    Ҷонибҳо ҳамчунин аҳамияти таҳкими ҳамкорӣ дар самти ҷалби мутахассисони Ҷопон барои такмили малака ва табодули таҷриба дар соҳаи омодасозии кадрҳо барои соҳаҳои саноати Ӯзбекистонро қайд карданд, хабар медиҳад хидмати матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates