Ҳангоми тайёр кардани майдонҳои кишт ба қоидаҳои асосии агротехникӣ риоя кардан зарур аст. Дар натиҷаи нағз ба роҳ мондани тадбирҳои агротехникӣ истеъмолкунандагон маҳсулоти аълосифат мегиранд ва истеҳсолкунанда фоидаи зиёд мегирад.
Бино ба иттилои хидмати матбуоти ҳокимияти вилояти Ҷиззах, имрӯз дар кластери меваю сабзавоти BMB Agro Trade садҳо нафар мутахассисони моҳир ба шудгори заминҳо бо истифода аз техникаи кишоварзӣ, тоза кардани ҷӯйборҳои дохилӣ ва дигар корҳои агротехникӣ машғуланд.
Қобили зикр аст, ки корхонаи фаръии BMB Agro Trade дар соли 2023 кишти беш аз 16 намуди меваю сабзавот, аз ҷумла сабзавот ва зироатҳои лӯбиёгиро ба нақша гирифтааст, ки ба бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ фиристода мешавад.