Мувофиқи маълумоти стансияҳои автоматии мониторинги ифлосшавии ҳавои атмосфера дар ҳавои атмосфераи шаҳри Тошканд:

PM10 — миқдори заррачаҳои майдаи дисперсии ҳаво 166 мкг/м³-ро ташкил дод, ки аз меъёри иҷозатшуда (РEМ) (300 мкг/м³) зиёд нест;

PM2.5 — миқдори заррачаҳои дисперсии майда 99,5 мкг/м³-ро ташкил дод, ки аз меъёри муқарраршуда (60 мкг/м³) 1,6 баробар зиёд аст.

Бояд гуфт, ки болоравии ин нишондиҳандаҳо тағйири ҳарорат низ сабаб шудааст. Тағйири шадиди ҳарорат боиси ба вуҷуд омадани инверсия мегардад, ки ин барои ҷамъшавии заррачаҳои майда ва афзоиши консентратсияи онҳо дар ҳавои атмосфера мусоидат менамояд.