Ширкати Полша ба сектори аграрии Ўзбекистон дар ҷорӣ кардани технологияи инноватсионӣ ёрӣ мерасонад

    Дар Сафорати Ӯзбекистон дар Полша бо муовини раиси раёсати ширкати «Agro Klaster Kujawy» Славомир Собански мулоқот баргузор гардид.

    Зимни мулоқот масъалаҳои ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва маҳсулоти хӯрокворӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист мавриди баррасӣ қарор гирифтанд, хабар медиҳад АИ “Дунё”.

    Намояндаи Полша нияти ҳайати ширкатро барои иштирок дар нахустин намоишгоҳи байналмилалии «Кишоварзӣ - AgroWorld Uzbekistan 2024», ки дар Тошканд баргузор мешавад, изҳор дошт.

    Дар доираи сафар баргузор намудани мулоқот бо роҳбарияти вазоратҳои кишоварзӣ, хоҷагии об, сохтмон ва хоҷагии манзилию коммуналии Ӯзбекистон, ҶС “Ўзагролизинг” ва Донишгоҳи давлатии аграрии Ӯзбекистон ба нақша гирифта шудааст.

    Дар натиҷаи мулоқот оид ба ҳамкорӣ дар самти ташкили сафар ба кишвари мо ва гуфтушунид оид ба роҳандозии ҳамкориҳои дуҷониба бо ташкилотҳои дахлдори давлатӣ тавофуқ ҳосил шуд.

    No date selected
    November 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates